Боздошти ду ҳамхизмат барои марги сарбози нирӯҳои марзбонии КДАМ

Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд нисбати марги Рамазон Забиров, сокини рустои Тӯдаи Ҳисор ва сарбози нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ду нафар сарбози қисми ҳарбии мазкурро ҳамчун гумонбар ва айбдоршаванда дастгир намудааст. Тавре сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дод, аз тарафи прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд, корҳои таҳқиқӣ ва тафтишотӣ идома […]

Мавзуна Абдуллоева



Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд нисбати марги Рамазон Забиров, сокини рустои Тӯдаи Ҳисор ва сарбози нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ду нафар сарбози қисми ҳарбии мазкурро ҳамчун гумонбар ва айбдоршаванда дастгир намудааст.

Тавре сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дод, аз тарафи прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд, корҳои таҳқиқӣ ва тафтишотӣ идома дорад. Феълан нисбати ин ду сарбози боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ  оғоз  нагардидааст, зеро агар сабаби марги Забиров Р.З., аз лату кӯби ин ду сарбоз тасдиқ шавад, сипас нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз мегардад.

Ба гуфтаи Муҳаммад Улуғхоҷаев, ҳоло қазоват кардан дар бораи марги Рамазон Забиров барвақт аст ва бояд то муайян шудани хулосаи ташхисгарон мунтазир монд. Ба хотири мушаххас кардани сабаби аслии марги сарбоз ҳамаи санадҳои лозима дастрас шуда истодаанд. Тафтиш оиди фавти сарбоз идома дорад ва бо ворид шудани маълумотҳо тоза падару модари сарбоз  хабардор карда мешаванд», – гуфт ӯ.

Субҳи 5 августи соли 2016 ҳангоми бархестани ҳайати шахсӣ аз хоб, маълум мегардад, ки сарбози қатори Забиров Рамазон Зокирович нафас намекашад ва баъдан маълум карда шуд, ки сарбоз вафот кардааст.

Худи ҳамон рӯз оиди фавти сарбози қаторӣ Забиров Р.З., комиссияи махсус бо сарварии Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд (дар ҳайати 8 нафар), Сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд ва афсарони масъули  РҚС КДАМ ҶТ (дар ҳайати 10 нафар) барои аниқ намудани ҳолати фавти сарбози қаторӣ ташкил карда шуд. Баъдан 6 августи соли 2016 баъд аз гузаронидани экспертизаи судии ҳарбии тиббӣ,  часади сарбоз  ба волидайнаш ба деҳаи Тӯда, ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор  бурда дода шуд. Пас аз ду рӯз 7 август ҷасади Рамазон Забиров дар зодгоҳаш деҳаи Тӯдаи шаҳри Ҳисор ба хок супурда шуд. Ба гуфтаи волидайни сарбоз, ӯ дар натиҷаи аз лату кӯб ба халокат расидааст.

Ёдовар мешавем, ки сарбози қаторӣ Забиров Рамазон Зокирович баҳори соли 2016 аз тарафи Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, барои идома додани хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Отряди сарҳадии «Истаравшан» фиристода шуда буд, ки дар онҷо хизмати Модар-Ватанро сарбаландона пеш мебурд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.