Роҳзании ҷавонон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо истифода аз силоҳ

Шаби 11 ба 12-уми августи соли равон, тахминан соати 04:00-дақиқа, дар қаҳвахонаи “Бедуин”, воқеъ дар кӯчаи Сомонии ноҳияи Рӯдакӣ шахсони номаълум бо истифода аз таппончаи газии тамғаи “Макаров” ва чӯбдаст, ба марди 30-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва рафиқонаш, сокинони ҳамин ноҳия ҳамла намудаанд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, сипас ду маротиба бо таппончаи […]

Asia--Plus



Шаби 11 ба 12-уми августи соли равон, тахминан соати 04:00-дақиқа, дар қаҳвахонаи “Бедуин”, воқеъ дар кӯчаи Сомонии ноҳияи Рӯдакӣ шахсони номаълум бо истифода аз таппончаи газии тамғаи “Макаров” ва чӯбдаст, ба марди 30-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва рафиқонаш, сокинони ҳамин ноҳия ҳамла намудаанд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, сипас ду маротиба бо таппончаи мазкур ба сари рафиқаш, марди 40-сола зада, ду нафар ҷавонони 18 ва 27-соларо ба ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бурда, бе ягон асос мавриди лату кӯб қарор додаанд.

«Ин гурӯҳи ҷиноятпеша аз ӯ маблағи 120-сомонӣ, автомашинаи шахсии тамғаи “Ваз-2105”-ро бо роҳи зӯроварӣ гирифта, 4000-сомонии дигар талаб намудаанд», – маодааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур шаш  нафар сокинони ноҳияи Рӯдакӣ; ҷавонони аз 20 то 29 соларо дастгир намуданд. Далелҳои шайъӣ як адад калтакчӯб ва як адад таппончаи травматикӣ гирифта шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.