БҶ: Ҳадафи мо беҳсозии сифати зиндагии мардум дар Тоҷикистон аст

Лилия  Бурунчук,  Директори  нави  минтақавии  Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Осиёи Марказӣ аз 11 то 12 августи соли 2016 бо мақсади муаррифии худ ба Тоҷикистон ташриф овард. Хонум  Бурунчук  дорои  таҷрибаи  зиёд  дар  соҳаи  рушд  мебошад.  Ҳамчун  шаҳрванди  Молдова,  ӯ  бори  аввал  фаъолияти  худро  соли  1996  бо  Бонки  ҷаҳонӣ  шуруъ  намуда  ва баъдан як қатор вазифаҳои […]

Иттилоияи расмӣ



Лилия  Бурунчук,  Директори  нави  минтақавии  Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Осиёи Марказӣ аз 11 то 12 августи соли 2016 бо мақсади муаррифии худ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Хонум  Бурунчук  дорои  таҷрибаи  зиёд  дар  соҳаи  рушд  мебошад.  Ҳамчун  шаҳрванди 

Молдова,  ӯ  бори  аввал  фаъолияти  худро  соли  1996  бо  Бонки  ҷаҳонӣ  шуруъ  намуда  ва баъдан як қатор вазифаҳои роҳбарикунандаро дар якчанд кишвар ва минтақаи ҷаҳон ишғол намудааст.  То  ишғол  намудани  вазифаи  кунунӣ  хонум  Бурунчук  ба  ҳайси  Менеҷери лоиҳаҳои Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи  сиёсат ва хадамоти кишвар дар  Вашингтон фаъолият бурдааст.

Зимни ташрифи нахустини худ ба Тоҷикистон, хонум Бурунчук

бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон

  ва  шахсони  мансабдори  воломақоми  ҳукуматӣ  мулоқот  намуд.  Ӯ  ба Нерӯгоҳи барқи обии Норак ташриф овард, ки дар он ҷо дар доираи  лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ ду тадқиқот оид ба масоили барқарорсозӣ ва бехатарии обанбор гузаронида мешавад ва инчунин дар конфронси донорон оиди барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии Норак иштирок кард.

«Бонки ҷаҳонӣ шарики деринаи Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи мо аз расонидани таъсири 

воқеӣ  ба  беҳсозии  сифати  зиндагии  мардум  дар  Тоҷикистон  иборат  аст.  Ман  ба 


ҳамкории  минбаъда  бо  Ҳукумати  кишвар  дар  самти  рушди  бахши  хусусӣ  ва  ташкили ҷойҳои нави корӣ, таҳкимдиҳии соҳаи энергетика, беҳтар намудани алоқаҳои минтақавӣ ва сармоягузорӣ ба инсон, умедвор ҳастам», – қайд намуд Лилия Бурунчук.

12 августи соли 2016 хонум  Лилия Бурунчук дар конфронси донорон оиди барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии Норак иштирок дошт, ки аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо  мақсади  ба  ҳам  овардани  шарикони  рушд,  ки  дар  соҳаи энергетикаи  Тоҷикистон  фаъолият  мебаранд,  ташкил  шуда  буд.  Таъмини  дастрасӣ  ба нерӯи  арзон,  тоза  ва  устувор  ва  баланд  бардоштани  иқтидори  содиротии  кишвар имкониятҳои калидӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

Дар  вазифаи  кунунии  худ  ба  ҳайси  Директори  минтақавии  Бонки  ҷаҳонӣ  дар  Осиёи 

Марказӣ, ки Тоҷикистонро дарбар мегирад, хонум Бурунчук кор бо сармоягузориҳои Бонкро дар  самти  рушди  бахши  хусусӣ  ва  хизматрасониҳои  ҷамъиятӣ  ба  аҳолӣ,  ба  монанди маориф,  тандурустӣ,  хизматрасониҳои  коммуналӣ  ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ  идома медиҳад  ва  ба  фароҳам  овардани  шароитҳои  беҳтари  зиндагӣ  барои  аҳолии  манотиқи шаҳрӣ ва деҳот диққатро равона месозад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.