ВАО: Туркия тоҷикистониёнро ихроҷ мекунад

Тайи ду ҳафтаи ахир ҳукуматдорони Туркия ҳудуди 140 нафар зодагони минтақаи Осиёи Марказиро, ки дар қаламрави ин кишвар ҳузур доштаанд, боздошт карданд. Бино ба иттилои хабаргузории «Фергана» бо истинод ба «Озодлик» (хадамоти ӯзбекии Радиои Озодӣ), мақомоти амнияти шаҳри Истамбул беш аз 100 нафар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро боздошт намуда, қисмате аз онҳо озод ва чандеро […]

ASIA-Plus



Тайи ду ҳафтаи ахир ҳукуматдорони Туркия ҳудуди 140 нафар зодагони минтақаи Осиёи Марказиро, ки дар қаламрави ин кишвар ҳузур доштаанд, боздошт карданд.

Бино ба

иттилои

хабаргузории «Фергана» бо истинод ба

«Озодлик»

(хадамоти ӯзбекии Радиои Озодӣ), мақомоти амнияти шаҳри Истамбул беш аз 100 нафар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро боздошт намуда, қисмате аз онҳо озод ва чандеро бо шарти тарк кардани қаламрави Туркия дар муддати 1 моҳ раҳо кардаанд.

Гуфта мешавад, айни замон дар маркази будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷиии мавзеи Кумкаппаи Истамбул 60 нафар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки 4 тан аз онҳо – шаҳрвандони Тоҷикистон, 6 нафар – шаҳрвандони Қирғизистон, 9 нафар – аз Русия, 1 нафар – аз Қазоқистон ва боқимонда ӯзбекҳо мебошанд.

Пешвои Ҳаракати мардумии Ӯзбекистон Муҳаммад Солеҳ гуфтааст, миёни 60 нафари дар марказ қарордошта, 4 нафар занони ҳомиладор, 17 нафар кӯдакон, аз ҷумла тифлони 2-ҳафтаинаву 3-моҳа низ ҳузур доранд.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки боздошти зодагони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо дар шаҳри Истанбул сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои хадамоти тоҷикии

Радиои Озодӣ

, дар пайи як амалёти мақомоти интизомии Туркия, рӯзи 29-уми июл наздики 140 муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дастгир шудаанд, ки дар миёни онҳо ҳашт тан шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.

Зикр мегардад, ки бори аввал аст, ки Туркия бидуни дархости Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатии ин кишварро мехоҳад, аз хокаш берун кунад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, сафорати Тоҷикистон дар Туркия дар бораи боздошти тоҷикон ва эҳтимоли ихроҷашон то ҳанӯз изҳори назар накардааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.