Тоҷикистон номгӯи маҳсулоти воридотивазкунандаро афзуданист

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи сеюми Комиссияи доимамалкунанда оид ба тақвияти  истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди истеҳсоли  маҳсулоти содиротиро баргузор шуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат, раисони вилоятҳо,  шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ,  роҳбарони бонкҳои  давлатӣ ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ иштирок намуданд. Дар кори ҷаласа масъалаҳои вобаста ба иҷрои […]

АМИТ «Ховар»



Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи сеюми Комиссияи доимамалкунанда оид ба тақвияти  истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди истеҳсоли  маҳсулоти содиротиро баргузор шуд.

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар»

, дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат, раисони вилоятҳо,  шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ,  роҳбарони бонкҳои  давлатӣ ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои вобаста ба иҷрои бандҳои дахлдори суратмаҷлиси ҷаласаи дуюми Комиссия, ҳолати корҳои анҷомдодашуда дар самти таъмини либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ  ва  истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаю  содиротӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба масъалаҳои рўзнома ҳисоботи роҳбарони зеркомиссияҳои соҳавӣ шунида шуд.

Тавре таъкид гардид, дар давраи ҳисоботӣ «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» таҳия  гардида, аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор тақвияти истеҳсоли зиёда аз 20 номгўйи  маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ  пешниҳод  шудааст.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Комиссия, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро вазифадор намуд, ки ҷиҳати иҷрои нишондиҳандаҳои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои таъхирнопазир андешида, барои   афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва содиротӣ аз имконоту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.