Афви 12 ҳазор нафар маҳкумшудагон дар Тоҷикистон



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо риояи принтсипи инсондӯстии қонунгузории кишвар ва ба пешвози 25 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 59 Конститутсияи ҶТ

лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф»

-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар лоиҳа аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд ва парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо ҷазоро адо мекунанд, пешбинӣ гардидааст. Инчунин пешбинӣ мегардад, ки қисми адонашудаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии маҳкумшудагоне, ки аз адои ҷазо бинобар ҷой доштани маҳдудиятҳо озод карда намешаванд, кам карда шавад.

Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ баъди қабул гардидан Қонуни мазкур нисбати зиёда аз дувоздаҳ ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад. Аз ҷумла зиёда аз се ҳазор нафар аз адои ҷазо аз муассисаҳои ислоҳи озод карда шуда, зиёда аз чор ҳазор нафар аз ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда озод карда мешаванд. Нисбати доираи васеи маҳкумшудагон муҳлати адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ кам карда мешавад. Қонуни мазкур инчунин нисбати зиёда аз ду ҳазор шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судҳо қарор доранд татбиқ карда мешавад.

Мувофиқи моддаи 1 лоиҳаи Қонун аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкумшудагони зерин озод карда мешаванд: занон; ноболиғон; мардони аз синни 55 боло; маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV мансуб донисташуда; иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқии атомии Чернобыл зарар дидаанд; шахсоне, ки мукофотҳои давлатӣ доранд ва шаҳрвандони хориҷӣ.

Бояд қайд кард, ки бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои ҷабрдидаҳо дар лоиҳа муқаррароте ҷой дорад, ки он нисбати шахсони ҷиноятҳои дар моддаҳои 245, 246, 247, 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаро содир намуда ба шарте татбиқ карда мешавад, ки онҳо зарари моддии расонидашударо пурра барқарор намуда бошанд.

Дар баробари озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, аз ҷазо ва адои ҷазо лоиҳа инчунин кам кардани муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро низ пешбинӣ менамояд.

Мутобиқи моддаи 20 лоиҳа мақомоти дахлдор вазифадоранд иҷрои Қонуни мазкурро дар давоми се моҳ таъмин намуда, баъди он дар хусуси иҷрои он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳанд.

Қобили зикр аст, ки афви охирин дар Тоҷикистон соли 2014 ба муносибати 20-солагии қабули Конститутсия эълон шуда буд, ки 10 ҳазор нафарро фаро гирифта буд. Соли 2011 ба ифтихори 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ низ қонуни афв мавриди амал қарор гирифта буд, ки ба 15 ҳазор нафар дахл дошт.

spot_imgspot_img

Популярное