Президент Темур Зулфиқоровро бо ҷашни 80-солагиаш табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нависанда, шоир ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров суҳбати телефонӣ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар гуфтугӯи телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон шоир ва драманависи номдори мамлакатро ба ҷашни 80- солагии зодрӯз табрику шодбош гуфта барои хизматҳои шоёнаш дар пешрафти насру назм ва драматургияи муосири тоҷик арзи сипосу миннатдорӣ […]

Asia--Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нависанда, шоир ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров суҳбати телефонӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар гуфтугӯи телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон шоир ва драманависи номдори мамлакатро ба ҷашни 80- солагии зодрӯз табрику шодбош гуфта барои хизматҳои шоёнаш дар пешрафти насру назм ва драматургияи муосири тоҷик арзи сипосу миннатдорӣ кард.

Дар барқияи ба ин муносибат ба унвони нависанда фиристодаи сарвари давлат аз ҷумла қайд мешавад, ки Темур Зулфиқоров дар ҳақиқат яке аз адибони шинохтаи кишвар буда, дар тайи умри бобаракаташ ба халқ софдилона хидмат карда, дар тарбияи маънавии миллионҳо нафар дӯстдорони каломи бадеъ ҳиссаи сазовор гузоштаед ва асарҳои офаридаи ӯ ба бисёр забонҳои халқҳои олам тарҷума шуда, номи тоҷиконро шуҳратёр намудааст.

«Бештари кишварҳои пасошӯравӣ бо асарҳои пурмазмуну пуробуранги шумо, ки пур аз ҳикматҳои пурғановат ва ривояту қиссаҳои дилнишини халқамон мебошанд, шинос буда, бо як ҷаҳон умеду таассурот онҳоро мутолиа менамоянд ва ҳозир ҳам аз асарҳои шумо дурри маънӣ ҷуста, бо шавқу завқи зиёд онҳоро мехонанд», – омадааст дар барқия.

Гуфта мешавад, махсусан асарҳои «Достони марги Амир Темур», «Хоҷа Насриддин», «Хоҷа Зулфиқори Девона», «Саргузаштҳои заминию осмонии шоир», «Афъимори марҷонӣ», «Чойхонаи лаби ҷар», «Марг нест» ва ғайраҳо асарҳои саргузаштию ривоятӣ буда, ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шуда, дӯстдорони зиёд доранд.

Зимнан зикр мегардад, ки мардуми тоҷик низ бо завқи баланд асарҳои нависандаро мутолиа карда, тавассути онҳо ба ҷаҳони рангини қаҳрамонони шумо шиносоӣ пайдо намуда, бо офаридаҳоятон ифтихор менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова