Ҳалокати 7 нафар дар роҳҳо рӯзҳои истироҳат

Asia--Plus

Бар асари 4 садамаи нақлиёт, ки рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда рух доданд, 7 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 19 август ронандаи автомашинаи тамғаи “Газел”, марди 44-солаи сокини шаҳри Бӯстон, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ба трактори тамғаи […]



Бар асари 4 садамаи нақлиёт, ки рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда рух доданд, 7 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 19 август ронандаи автомашинаи тамғаи “Газел”, марди 44-солаи сокини шаҳри Бӯстон, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ба трактори тамғаи “МТЗ-82”таҳти идораи марди 32-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ бархӯрдааст, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Газел” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Дар дигар ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки он ҳам дар қаламрави ноҳияи Мастчоҳ рух додааст, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 30-солаи сокини шаҳри Гулистон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Мастчоҳ-Бустони ноҳияи Мастчоҳ, бо сабаби корношоям гаштани чархи автомашинааш ба дохили канали обгузар чаппа шудааст, ки дар натиҷа ду нафар ҷавони 27 ва 28-солаи сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба ҳалокат расидаанд.

Шаби 20 август ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 48-солаи сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар километри 257-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Рено-переним-250” таҳти идораи марди 45-солаи сокини ноҳияи Спитамен бархӯрдааст. Дар ин бархӯрд ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ва ду нафар  мусофиронаш: ҷавонони 30-солаи сокинони ноҳияи Б.Ғафуров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дигари автомашинаи мазкур, сокини 30-солаи ноҳияи Спитамен бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ, дар беморхона бистарӣ  шудааст.

Дар шаҳри Душанбе низ аз ҷониби кормандони милитсия як садамаи нохуши нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, рӯзи 20 август ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, марди 66-солаи сокини шаҳри Душанбе  ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Шамсӣ ба тарафи кӯчаи Ғуломов, дар рӯ ба рӯи терминали мусофиркашонии пойтахт, қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон карда, пиёдагарди шахсияташ номаълуми тахминан 40-45 соларо пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.