Дилшод Назаров охири ҳафта ба ватан бармегардад

Варзишгари маъруфи тоҷик, қаҳрамони Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия Дилшод Назаров охири ҳафтаи равон, рӯзи 26 август ба Душанбе бармегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон хабар дод. Баъди анҷоми Олимпиадаи Рио Дилшод Назаров дар мусобиқаи байнулмилалии гурзандозӣ дар Лаҳистон (Полша) ширкат […]



Варзишгари маъруфи тоҷик, қаҳрамони Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия Дилшод Назаров охири ҳафтаи равон, рӯзи 26 август ба Душанбе бармегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Баъди анҷоми Олимпиадаи Рио Дилшод Назаров дар мусобиқаи байнулмилалии гурзандозӣ дар Лаҳистон (Полша) ширкат варзида, шоми санаи 26 август тариқи хатсайри ҳавоӣ аз Истамбул (Туркия) ба Душанбе меояд.

Дар варзишгоҳи «Маракана»-и шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия президенти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Томас Бах Бозиҳои тобистонаи XXXI олимпӣ-2016-ро

пӯшида эълон намуд.

Миёни 207 кишвари ҷаҳон, ки дар Бозиҳои XXXI олимпии Рио-де-Жанейро ширкат варзиданд, 

Тоҷикистон зинаи 58-умро касб кард.

Дар мусобиқаи гурзандозӣ Дилшод Назаров бо натиҷаи 78,68 метр

зинаи аввалро ишғол кард

, ки ин медали тилло дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон бори нахуст аст. Мақоми дуюмро намояндаи Беларус Иван Тихон (77,79 метр) ва ҷойи сеюмро варзишгари Лаҳистон (Полша) Войсех Новитски (77,73 метр) касб намуданд.

Қобили зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дилшод Назаровро бо пирӯзӣ дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ ва сазовори медали тиллоии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия шуданаш,

табрику таҳният гуфт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.