Кормандони КҲФ мусофирони автомашинаи ба канал чаппашударо наҷот доданд

Asia--Plus

Дар рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чор нафарро наҷот доданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ  автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» дар натиҷаи баланд кардани суръати ҳаракат, чаппа шуда, ба канали «Тоҷикистон Советӣ”, ки дар  ҳудуди ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ноҳияи Мастчоҳи  вилояти Суғд […]



Дар рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чор нафарро наҷот доданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ  автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» дар натиҷаи баланд кардани суръати ҳаракат, чаппа шуда, ба канали «Тоҷикистон Советӣ”, ки дар  ҳудуди ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ноҳияи Мастчоҳи  вилояти Суғд вокеъ аст, сарозер гашт. Дар вақти садама дар мошин 6 нафар буданд.

Ба шарофати амалҳои фаврии наҷотдиҳандагон Ситоди КҲФ дар вилояти Суғд 4 нафар шаҳрвандонро наҷот дода шуда, мутаассифона, ду мусофири дигар ба ҳалокат расидаанд. Ҷасади онҳоро кормандони Ситоди КҲФ дар вилояти Суғд  аз об бароварда, ба мақомоти зарурӣ супориданд.

Гуфта мешавад, аз оғози соли 2016 кормандони Кумита дар садамаҳои нақлиёт вобаста ба наҷот дар дарёҳо, обанборҳо, каналҳо 14 нафарро наҷот доданд.

Кумита дар муроҷиат ба ронандагон дархост намудааст, ки  ба эҳтиёт дар роҳ ва маҳдудияти суръати ҳаракати роҳ диққат диҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.