Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Хатлону Рашт ва Суғд

Дар доираи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва водии Рашт боздид мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, сафари кории президент ба минтақаҳои кишвар рӯзҳои 24-26 август аз вилояти Хатлон шурӯъ шуда, зимни ин сафар дар ҳузури […]

Аваз Юлдошев



Дар доираи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва водии Рашт боздид мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, сафари кории президент ба минтақаҳои кишвар рӯзҳои 24-26 август аз вилояти Хатлон шурӯъ шуда, зимни ин сафар дар ҳузури сарвари давлат қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон, як қатор иншооти саноатӣ, ҳамчунин дигар иншооти таъиноти иҷтимоиву фарҳангӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Зимнан зикр гардид, ки баъди бозгашти сарвари давлат аз вилояти Хатлон, ҷузъиёти сафари ӯ ба вилояту Суғду водии Рашт маълум мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.