Оғози ҳаракати қатораҳо тариқи хатсайри Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб

Бори нахуст дар Тоҷикистон ҳаракати қатораҳо тариқи хатсайрҳои Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ва Душанбе-Қӯрғонтеппа-Хушодӣ шурӯъ мешавад. Хабаргузории TojNews бо истинод ба дафтари матбуоти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” менавиисад, қатораҳо  аз Душанбе рӯзҳои якшанбе ва панҷшанбе соати 8-00, аз Кӯлоб рӯзҳои душанбе ва ҷумъа соати 8-00 ва аз Хушодӣ рӯзҳои душанбе ва ҷумъа соати 8-50 ҳаракат хоҳанд кард. Гуфта […]

TojNews



Бори нахуст дар Тоҷикистон ҳаракати қатораҳо тариқи хатсайрҳои Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ва Душанбе-Қӯрғонтеппа-Хушодӣ шурӯъ мешавад.

Хабаргузории

TojNews

бо истинод ба дафтари матбуоти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” менавиисад, қатораҳо  аз Душанбе рӯзҳои якшанбе ва панҷшанбе соати 8-00, аз Кӯлоб рӯзҳои душанбе ва ҷумъа соати 8-00 ва аз Хушодӣ рӯзҳои душанбе ва ҷумъа соати 8-50 ҳаракат хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, дар роҳкирои қатораҳои мазкур 50% тахфиф (кам карлдани нарх) пешниҳод карда шуда, инчунин ба мусофирон барои ройгон кашонидани то 40 кг бори дастӣ иҷозат дода мешавад.

Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон ҳамчунин эълон кардааст, ки дар ин масир қатораҳои боркаши роҳи оҳани Тоҷикистон барои бо нархҳои нисбатан арзон кашонидани маҳсулоти мавриди ниёзи аҳолӣ омода мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.