Ёқуб Салимов дар Маскав ҷарроҳӣ шуд

Нашрияи СССР менависад , собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Ёқуб Салимов, ки санаи 21 июн ба озодӣ баромад, чашмашро дар шаҳри Маскав ҷарроҳӣ кардааст. Ҳамин тариқ, нашрия ҳамаи маълумоти ВАО дар бораи Тоҷикистонро тарк кардани Ёқуб Салимов ва барои муолиҷа ба Олмон раҳсипор шуданашро рад мекунад. «Ёқуб ба хориҷа барои табобати чашм рафта буд, аммо […]

Asia--Plus



Нашрияи СССР

менависад

, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Ёқуб Салимов, ки санаи 21 июн ба озодӣ баромад, чашмашро дар шаҳри Маскав ҷарроҳӣ кардааст.

Ҳамин тариқ, нашрия ҳамаи маълумоти ВАО дар бораи Тоҷикистонро тарк кардани Ёқуб Салимов ва барои муолиҷа ба Олмон раҳсипор шуданашро рад мекунад.

«Ёқуб ба хориҷа барои табобати чашм рафта буд, аммо на ба Аврупо! Ёқуб на ба Олмон, балки ба Маскав рафту 3 рӯз истод ва чашмашро аз назорати табибон гузаронда, дар клиникаи машҳури Святослав Федоров ҷарроҳӣ карда, зуд ба Душанбе баргашт», – омадааст дар хабари нашрия.

Дар хабар ҳамчунин зикр мегардад, ки ҳоло Ёқуб Салимов дар хонааш аст ва ҳавлияшро каму беш таъмир дорад.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки Ёқуб Салимови 60-сола, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон

барои муолиҷа ба Олмон рафтааст

. Абӯбакр, писари Ёқуб Салимов дар суҳбати телефонӣ ба савол дар бораи дарвоқеъ ҳам ба хориҷи кишвар сафар кардани падараш посух дода буд, ки: «Айни замон ӯ дар Тоҷикистон қарор надошта, ба кайҳон парвоз кардааст». 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.