Задухӯрди навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Аваз Юлдошев

Ахири ҳафтаи сипаришуда сарбозони Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ дар ҳамдастӣ бо кормандони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон аз кӯшиши навбатии убури ғайриқонунии марзи давлатӣ аз ҷониби Афғонистон ҷилавгирӣ намуданд. Тавре котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, дар қаламрави дибонгоҳи сарҳадии Панҷ миёни гурӯҳи қочоқбарони афғон ва марзбонони тоҷик задухӯрди мусаллаҳона […]



Ахири ҳафтаи сипаришуда сарбозони Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ дар ҳамдастӣ бо кормандони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон аз кӯшиши навбатии убури ғайриқонунии марзи давлатӣ аз ҷониби Афғонистон ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, дар қаламрави дибонгоҳи сарҳадии Панҷ миёни гурӯҳи қочоқбарони афғон ва марзбонони тоҷик задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, дар натиҷа як қочоқбари афғон захмӣ ва дар ҷойи ҳодиса беш аз 10 кило маводи мухаддири навъи афюн дарёфт ва мусодира шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.