Ронандаи дар Хоруғ кормандони милисаро захмикарда назди қонун ҷавоб мегӯяд

Нисбати сокини маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ З.Боронбеков дар прокуратураи шаҳр бо моддаҳои 328 қисми 2 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) ва 330 қисми 1 (таҳқири намояндаи ҳокимият) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, З.Боронбеков ҳангоми ҳаракат дар кучаҳои шаҳр бо автомашинаи сиёҳшиша ба […]



Нисбати сокини маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ З.Боронбеков дар прокуратураи шаҳр бо моддаҳои 328 қисми 2 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) ва 330 қисми 1 (таҳқири намояндаи ҳокимият) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, З.Боронбеков ҳангоми ҳаракат дар кучаҳои шаҳр бо автомашинаи сиёҳшиша ба талаби  қонунии кормандони БДА оиди боздоштани воситаи нақлиёт итоат накарда,  бо қисми пеши автомашина  нозири роҳ, сержанти калони милитсия Мамадзиёев Х. М.-ро тела дода, ҳаракаташро идома додааст.

Гуфта мешавад, тахминан пас аз 10-15 дақиқа З.Боронбеков ба ҷои ҳодиса баргашта, нозирони роҳ Давлатмамадов Д. Ҳ., Лайлиев Э. С., -ро  бо корд захмдор намудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати З.Боронбеков бо анҷоми тафтишот ба суд ирсол карда шуда, дар арафаи баррасӣ қарор дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.