Қабули қонуни афви 15-ум дар Тоҷикистон

Аваз Юлдошев

Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз лоиҳаи қонуни аз ҷониби президент пешниҳодшуда «Дар бораи авф» -ро маъқул шумориданд, ки тӯли соҳибистиқлолии Тоҷикистон қонуни афви 15-ум ба шумор меравад. Қонун нисбати 12 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагон мавриди амал қарор дода мешавад. Зимни шарҳи қонун ба вакилон дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон прокурори генералии […]


Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз лоиҳаи қонуни аз ҷониби президент пешниҳодшуда



«Дар бораи авф»



-ро маъқул шумориданд, ки тӯли соҳибистиқлолии Тоҷикистон қонуни афви 15-ум ба шумор меравад.

Қонун нисбати 12 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагон мавриди амал қарор дода мешавад.

Зимни шарҳи қонун ба вакилон дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон қайд кард, ки қонуни афв нисбати шахсоне, ки ба ҷиноятҳои ниҳоят вазнин, аз қабили хиёнат ба ватан, ҷосусӣ, терроризм, куштори бераҳмона даст задааанд, мавриди амал қарор намегирад.

Ба гуфтаи ӯ, парвандаҳои ҷиноӣ нисбати шахсоне, ки мавриди афв қарор гирифтаву дар ҷустуҷӯ қарор доранд, ғоибона қатъ мешавад. Ин тадбир барои пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ пеш гирифта мешавад.

Прокурори генералӣ зикр кард, ки шахсони ба ҷиноятҳои марбут ба воситаҳои молиявӣ ва қаллобӣ дастдошта бо шарти ҷуброни зарар афв карда мешаванд.

Мутобиқи қонун, сеяки муҳлати ҷазои шахсони ба ҷиноятҳои вазнин дастдошта ва чоряки муҳлати шахсони ҷиноятҳои ниҳоят вазнин содиркарда кам карда мешавад.

Прокурори генералӣ таъкид дошт, ки қонуни афв ба шахсоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ ба қонуншиканӣ даст задаанд ва шахсони қаблан афвшуда дахл нахоҳад дошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.