Дар мавзӯи гузашта мо оид ба афзалият ва камбудиҳои кортҳои бонкӣ сухан ронда, маводи имрӯзаро доир ба истифодаи бехатари онҳо омода намудем.
Тавсияҳо доир ба истифодаи бехатари кортҳои пластикӣ:
– Бо қоидаҳои истифодаи корт, ки аз тарафи Бонк пешниҳод гардидааст шинос шавед. Ҳангоми нофаҳмо будани чизе, ба кормандони бонк муроҷиат кунед.
– Корти худро бе назорат нагузоред, онро дар ҷои бехатар нигоҳ доред.
– Ҳангоми пардохти харид бо корт кӯшиш намоед, то ҳамаи амалиёт дар назди Шумо гузаронида шавад. Ба фурӯшанда\пешхизмат бурдани кортро ба дигар ҳуҷра иҷозат надиҳед. Гузаронидани амалиётро дар назди худ талаб намоед.
– Агар Шумо аз харид даст кашидед ва ё ҳангоми бақайдгирии чек ё слип хатогӣ ба амал омад, хоҳиш намоед, ки варақаи фосид дар назди Шумо нобуд карда шавад. Нусхаи дуюми онро бо худ гирифта дар муддати як моҳ то санҷидани он бо ҳисоби корти бонкӣ нигоҳ доред.
– Аз рӯи имконият кортро барои пардохтан тариқи Интернет истифода набаред. Нишондодҳои он (рақами он, коди махсуси CVV – Card Virtual Verification, мӯҳлати истифода)-ро бо почтаи электронӣ равон накунед.
– Рақами мушаххаси шахсӣ (ПИН)-ро дар рӯи корт нанависед, онро дар хотир нигоҳ доред. Агар Шумо РММ-ро навистан хоҳед онро дар шакли рамзӣ нависед то ба касе маълум нашавад ва якҷоя бо корт онро нагардонед.
– Рақами мушаххаси шахсӣ (ПИН)-ро ба ҳеҷ кас ошкор накунед: на ба кормандони бонк,на ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ, на ба фурӯшандагони нуқтаҳои савдо. Танҳо дорандаи корт бояд РММ-ро донад.
– Дар ҳоли гум кардан ва ё рабудани корт бояд дарҳол ба бонк ё маркази авторизатсия муроҷиат намоед, то ин ки кормандони бонк амалиётҳои кортро барои пешгирии қаллобӣ қатъ намоянд.
– Корти пластикии худро ҳеҷ гоҳ ба шахсони сеюм, рафиқатон ё завҷаатон, хусусан ҳангоми сафар кардан ба хориҷа надиҳед. Агар бо ягон сабаб банкомат кортро барнагардонад, он гоҳ Шумо ё наздикони шумо ба монеа дучор мешавед.
– Аз тарафи аъзоёни оилаи худ истифода бурдани кортҳои иловагиро назорат намоед. Шумо барои амалиётҳои корти иловагӣ масъулият доред.
– Ҳисоби худро саривақт тафтиш намоед. Шумо гумонҳо нисбати амалиёти шубҳанокро ҳар қадар тезтар муайян карда хабар расонед, ҳамон қадар хубтар аст. Барои арз пешниҳод кардан ба бонк ва мизоҷ вақти муайян ҷудо шудааст ва дар муддати он Шумо ягон чора дида метавонед. Чекҳоро нигоҳ доред. Онҳоро бо изҳороти ҳисоби корти худ муқоиса намоед. Ҳисоби бақиявии кортро тез-тез тафтиш кунед.
– Шумо метавонед барои гузоштани ҳудуди истеъмолии рӯзона ё моҳона барои ҳисоби корт ба бонк муроҷиат кунед. Ин чораи иловагӣ баҳри бехатарии ҳисоби Шумо аз қаллобӣ аст.
– Дар ҳоли гирифтани мактуби электронӣ бо дархости номбар кардани маълумоти мушаххас, дарҳол ба рақами телефонии бонк, ки ба Шумо маълум аст занг занед ва аз фиристода шудани чунин мактуб пурсед.
– Агар аз маълум шудани нишондодҳои корти худ ба шахсони бегона гумонбар шавед, дарҳол ба бонки худ хабар диҳед.
– Агар корти Шуморо дар муассисаи бонк ё нуқтаи савдо дастгир кунанд, кассир бояд санадро бо нишон додани таърихи рӯз, соат ва сабаб тартиб диҳад. Аз ӯ нусхаи санадро бо имзояш гирифта ба бонк ё маркази алоқа муроҷиат намоед.
Калимаи рамзӣ боз як унсури муҳимест, ки дорандагони корт онро бояд дар хотир доранд. Он ҳангоми пур кардани ариза барои гирифтани корти бонкӣ дода мешавад. Агар дорандаи корт калимаи рамзиро дар хотир дошта бошад, ӯ метавонад ба телефони бонк занг зада, бо номбар кардани калимаи рамзӣ фаоъолияти корти худро (дар ҳолати гум шудани корт ё вазъияти дигар) қатъ намояд. Калимаи рамзӣ барои шинохтани соҳиби корти бонкӣ ҳангоми муроҷиат кардан бо телефон лозим аст. Дар ҳолати зарурӣ соҳиби корт калимаи рамзиро иваз карда метавонад. Барои ин ба таври хаттӣ ба бонк муроҷиат кардан лозим аст.
Амал намудан ба тавсияҳои бехатарӣ эҳтимоли хатарро барои соҳибонашон паст мекунанд.
Дар маводи оянда мо оиди кортҳои маошӣ сухан мегӯем.
Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.


