Эмомалӣ Раҳмон ба сабти ҳамаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дастур дод

Президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон фармонеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он, Вазорати нақлиёт якҷо бо Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷиҳати дар давоми се моҳ пас аз қабули қарори мазкур ба сабти расмии ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо), ки дар қаламрави кишвар истифода мешаванд, уҳдадор шуданд. Додани иҷозатнома ва бақайдгирии ҳавопаймоҳои бесарнишинро вазоратҳои мазкур дар мувофиқа […]

Мавзуна Абдуллоева

Президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон фармонеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он, Вазорати нақлиёт якҷо бо Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷиҳати дар давоми се моҳ пас аз қабули қарори мазкур ба сабти расмии ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо), ки дар қаламрави кишвар истифода мешаванд, уҳдадор шуданд.

Додани иҷозатнома ва бақайдгирии ҳавопаймоҳои бесарнишинро вазоратҳои мазкур дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) амалӣ месозанд.

Воридот, содирот ва истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар қаламрави ҷумҳурӣ минбаъд танҳо бар асоси иҷозатномаи махсус сурат мегирад, ки дар мувофиқа бо КДАМ дода мешавад.

Қаблан дар КДАМ дар ин робита изҳор намуда буданд, ки ҳавопаймоҳои бесарнишин, аз ҷумла барои наворбардории видеоӣ таъиншуда метавонанд ба амнияти кишвар хавфу хатар эҷод намоянд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тағйирот ба Кодекси фазои ҳавоии кишварро тасдиқ намуданд, ки мутобиқи он ба истифодаи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин дар фазои ҳавоии кишвар маҳдудият ҷорӣ шуд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба масъалаи мазкур муовини аввали Раиси КДАМ Тоҷикистон Мансурҷон Умаров изҳор намуд, ки ин тағйирот пеш аз ҳама ба роҳ надодани ҳаракати дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин аз ҷониби созмону ҳаракатҳои террористӣ нигаронида шудааст.

«Минбаъд танҳо ҳукумат муайян мекунад, ки парвози ин гуна дастгоҳҳо дар фазои ҳавоии кишвари мо барои кӣ иҷозат дода мешаваду барои кӣ манъ аст», – гуфт М.Умаров.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.