Ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии Данғара дар ҳузури президент

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳрак Донишгоҳи давлатии Данғараро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сохтмони бинои муҳташами донишгоҳи аз моҳи марти соли 2008 оғоз шуда буд ва бо харҷи 177,5 млн. сомонӣ қомат афрохт. Донишгоҳ барои таҳсили […]

Asia-Plus

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳрак Донишгоҳи давлатии Данғараро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сохтмони бинои муҳташами донишгоҳи аз моҳи марти соли 2008 оғоз шуда буд ва бо харҷи 177,5 млн. сомонӣ қомат афрохт. Донишгоҳ барои таҳсили 4 ҳазор нафар донишҷӯ дар як баст бунёд шудааст. Айни ҳол дар ин ҷо 2615 донишҷӯ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Донишгоҳ аз 17 бино, аз ҷумла 2 хобгоҳи 9 – ошёна бо 1300 ҷойи хоб барои донишҷуён, 3 бинои истиқоматии 5 ошёна бо 60 ҳуҷра барои омӯзгорон, толори варзишгоҳ бо 450 ҷойи нишаст, толори зебову мунаққаши фарҳангӣ бо 530 ҷойи нишаст, ошхона бо 300 ҷойи нишаст, китобхона барои нигаҳдории 650 ҳазор адад китоб ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.

Аз оғози соли таҳсили 2016-2017 дар 6 факулта ва 20 кафедра аз рӯи ихтисоси педагогика ва технологияҳои таълимотии муосир, иқтисодиёти инноватсионӣ ва менеҷмент, аграрӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ, муҳандисӣ ва технологияи муосири истеҳсолӣ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ ва ғайра мутахассис тайёр карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.