Ислом Каримов ӯзбекистониёнро бо ҷашни Истиқлолият табрик кард

Ин табрикот тавассути Телевизони миллии Ӯзбекистон аз номи президент Ислом Каримов, ки тибқи маълумоти расмӣ, дар бемористон бистарӣ аст, садо дод. Шоми дирӯз ба шаҳрвандони Ӯзбекистон табрикоти президенти ин кишвар Ислом Каримовро ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлолият, ки 1 сентябр таҷлил мегардад, қироат намуданд. Дар матни интишоршудаи табрикоти Ислом Каримов дар сомонаи расмии сарвари давлати […]

Asia-Plus

Ин табрикот тавассути Телевизони миллии Ӯзбекистон аз номи президент Ислом Каримов, ки тибқи маълумоти расмӣ, дар бемористон бистарӣ аст, садо дод.

Шоми дирӯз ба шаҳрвандони Ӯзбекистон табрикоти президенти ин кишвар Ислом Каримовро ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлолият, ки 1 сентябр таҷлил мегардад, қироат намуданд.

Дар матни интишоршудаи табрикоти Ислом Каримов дар сомонаи расмии сарвари давлати Ӯзбекистон қайд мешавад, ки «имрӯзҳо бо ёдоварӣ аз давраи гузариш ба низоми нав, мо ҳамон рӯзҳои мушкил ва озмоишҳои душвори аз сар гузаронидаамонро ба хотир меорем».

«Бо муроҷиат ба шумо, ҷавонон, фарзандони азизам гуфтаниам: ҳамеша қавиирода бошед, фардо ва оянда аз шумост!», – гуфта мешавад дар табрикот.

Ёдрас мекунем, ки қаблан хабаргузории «Фергана» доир ба марги президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар синни 79-солагӣ дар шаҳри Тошканд иттилоъ дода буд, вале манобеи хабаргузориҳои «Интерфакс» ва РИА «Новости» ин хабарро рад карданд.

Аллакай субҳи рӯзи душанбе, 29 август яке аз духтарони Ислом Каримов Лола Каримова дар инстаграми худ тасдиқ намуд, ки президенти Ӯзбекистон дарвоқеъ ҳам пас аз хунравӣ ба майнаи сар дар шуъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ буда, вазъи солимиаш устувор арзёбӣ мешавад.

Мақомоти расмии Ӯзбекистон низ марги президенти кишварашонро то ҳол тасдиқ накардаанд. Ҳамчунин сатҳи вазнинии бемории Каримов низ тасдиқ нашудааст

Баъдан сармуҳаррири АИ «Фергана» Даниил Кислов низ барои ислоҳи саҳви худ иброз дошт, ки президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов марги клиникиро аз сар гузаронда, тибқи маълумоти расмӣ айни замон дар бемористон қарор дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио