Суғд: Боздошти гумонбари куштори 4 сол қабл содиршуда

Мавлуда Рофиева

Дар вилояти Суғд ҳолатҳои куштори корманди нуқтаи мубожилаи асъор, ки 4 сол қабл содир гардида буд, ошкор шуд.

Аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки ба гумони даст доштан дар ин куштор сокини 33-солаи шаҳраки Пролетар А.И. боздошт шудаааст.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда тайи ин солҳо дар хориҷи кишвар қарор дошта, то даст задан ба ин куштор низ, ба содир кардани дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла ғоратгарии аҳолӣ машғул будааст.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати гумонбаршуда мутобиқи модадхои 104, қ. 2 (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ ҳамчунин дар содир кардани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 244 (Дуздӣ) ва 249 (Роҳзанӣ) низ гумонбар дониста мешавад.

Ҳодисаи мазкур 25 ноябри соли 2012 рух дода буд. Субҳи ҳамин рӯз дар кӯчаи Рӯдакии ноҳияи Ҷаббор Расулов, рӯ ба рӯи бозор корманди нуқтаи мубодиалаи асъор Олим Мирҳалимови 26-сола кушта шуд. Дар ҷисми ӯ захми се корд дарёфт шуда, то ҳанӯз ин ҷиноят ошкорнашуда боқӣ монда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.