Суғд: Боздошти гумонбари куштори 4 сол қабл содиршуда

Дар вилояти Суғд ҳолатҳои куштори корманди нуқтаи мубожилаи асъор, ки 4 сол қабл содир гардида буд, ошкор шуд. Аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки ба гумони даст доштан дар ин куштор сокини 33-солаи шаҳраки Пролетар А.И. боздошт шудаааст. Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда тайи ин солҳо дар хориҷи кишвар қарор […]

Мавлуда Рофиева

Дар вилояти Суғд ҳолатҳои куштори корманди нуқтаи мубожилаи асъор, ки 4 сол қабл содир гардида буд, ошкор шуд.

Аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки ба гумони даст доштан дар ин куштор сокини 33-солаи шаҳраки Пролетар А.И. боздошт шудаааст.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда тайи ин солҳо дар хориҷи кишвар қарор дошта, то даст задан ба ин куштор низ, ба содир кардани дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла ғоратгарии аҳолӣ машғул будааст.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати гумонбаршуда мутобиқи модадхои 104, қ. 2 (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ ҳамчунин дар содир кардани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 244 (Дуздӣ) ва 249 (Роҳзанӣ) низ гумонбар дониста мешавад.

Ҳодисаи мазкур 25 ноябри соли 2012 рух дода буд. Субҳи ҳамин рӯз дар кӯчаи Рӯдакии ноҳияи Ҷаббор Расулов, рӯ ба рӯи бозор корманди нуқтаи мубодиалаи асъор Олим Мирҳалимови 26-сола кушта шуд. Дар ҷисми ӯ захми се корд дарёфт шуда, то ҳанӯз ин ҷиноят ошкорнашуда боқӣ монда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.