Уҳдадории ангиштканон ба истихроҷи 1,7 млн. тонна ҳаҷми рекордӣ то охири сол

Корхонаҳои истеҳсоли ангишти Тоҷикистон ба истихроҷи 1,7 млн. тонна ҳаҷми рекордии ин навъи сӯзишвории дурушт то охири соли равон уҳдадор шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, аз аввали сол то имрӯз корхонаҳои соҳа истихроҷи ангиштро ба зиёда аз 770 ҳазор тонна расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида […]

Пайрав Чоршанбиев

Корхонаҳои истеҳсоли ангишти Тоҷикистон ба истихроҷи 1,7 млн. тонна ҳаҷми рекордии ин навъи сӯзишвории дурушт то охири соли равон уҳдадор шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, аз аввали сол то имрӯз корхонаҳои соҳа истихроҷи ангиштро ба зиёда аз 770 ҳазор тонна расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 254 ҳазор тонна зиёд аст.

Ба истеҳсоли ин навъи сӯзишворӣ дар кишвар 18 корхона машғул мебошанд. Корхонаҳои нисбатан бузург – КФ «Ш.Фон-Яғноб»,  ҶДММ «Талко-Ресурс», КФ КА «Зиддӣ» ва ҶСК «Ангишт» то охири сол дар маҷмӯъ ба истихроҷи 1,5 млн. тонна ангишт уҳдадор шуда, боз ҳудуди 200 ҳазор тонна дар 12 корхонаи боқимондаи ин соҳа истихроҷ хоҳад шуд.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, айни замон беш аз 200 корхона дар ҷумҳурӣ ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунанд.

Қобили зикр аст, ки тайи ду соли ахир дар Тоҷикистон ҳаҷми рекордии ангишт истихроҷ мешавад. Соли 2014 – 870 ҳазор тонна ва соли 2015 – беш аз 1 млн. тонна ангишт истеҳсол шуд. То ин дам дар кишвар ҳамагӣ 17 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ истихроҷ мешуд. То замони соҳибистиқлол шудани ҷумҳурӣ, ҳаҷми истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон ҳамагӣ ба 309 ҳазор тонна мерасид.

Шурӯъ аз 1 марти соли 2013 содироти ангишт аз Тоҷикистон манъ шуд. Ба ин васила ҳукумати ҷумҳурӣ вобастагии кишварро аз воридоти сӯзишворӣ камтар ва истифодаи онро пурсамар карданист. Баҳори соли 2012 қонун «Дар бораи ангишт» қабул шуд, ки ба ҷалби сармоягузории нав ба ин бахш нигаронида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.