Ҷон Керри Қирғизистонро «пешвои демократии Осиёи Марказӣ» унвон кард

Asia-Plus

Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри мардуми Қирғизистонро бо ҷашни 25-умин солгарди истиқлолият табрик карда, ин кишварро «пешвои демократии Осиёи Марказӣ» унвон кард.

«Моро бо Ӯзбекистон уҳдадориҳои зиёде мепайванданд – пайравӣ аз демократия, эҳтиром гузоштан ба гуногунандешӣ ва эътимод ба имконоти сиёсӣ ва иқтисодӣ барои ҳамаи шаҳрвандон. Имрӯз Қирғизистон – пешвои демократии Осиёи Марказӣ мебошад», – қайд мешавад дар изҳороти Керри.

Ӯ хотиррасон намудааст, ки 25 сол пеш ИМА яке аз аввалинҳо шуда истиқлолияти Қирғизистонро эътироф намуд ва сипас муддати чаҳоряк аср бо ин кишвар муносибатҳо роҳандозӣ намуд, ки ба дӯстӣ ва шарикии стратегӣ асос ёфтаанд.

«Қирғизистони босуботу дар ҳоли шукуфоӣ қарордошта барои тамоми минтақа намунаи ибрат шуда метавонад. Иёлоти Муттаҳида рушди иқтисодӣ ва демократии Қирғизистонро дастгирӣ намуда, ба пуштибонии он дар дастгирии субот ва амният дар минтақа баҳои баланд медиҳанд ва бесаброна рушди боз ҳам бештари ҳамкориҳо баҳри некӯаҳволии мардуми ҳарду кишварро интизоранд», зикр кардааст Ҷон Керри.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 31 август дар Қирғизистон 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта шуд

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.