Ҳукумати Ӯзбекистон роҷеъ ба ниҳоят бад шудани вазъи Ислом Каримов хабар дод

Нашрияҳои Ӯзбекистон дар бораи вазъи президенти кишвар Ислом Каримов маълумот интишор намуданд. Дар он қайд мешавад, ки тайи рӯзҳои ахир вазъи президенти кишвар хеле бад шудааст. Бино ба маълумоти ВАО, вазъи солимии президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ниҳоят вахим шудааст. Ин маълумотро Девони вазирони кишвар дар нашрияҳои маҳаллӣ интишор намуд. «Бо тассуфи зиёд хабар медиҳем, ки […]

Asia-Plus

Нашрияҳои Ӯзбекистон дар бораи вазъи президенти кишвар Ислом Каримов маълумот интишор намуданд. Дар он қайд мешавад, ки тайи рӯзҳои ахир вазъи президенти кишвар хеле бад шудааст.

Бино ба маълумоти ВАО, вазъи солимии президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ниҳоят вахим шудааст. Ин маълумотро Девони вазирони кишвар дар нашрияҳои маҳаллӣ интишор намуд.

«Бо тассуфи зиёд хабар медиҳем, ки шабонарӯзи гузашта вазъи солимии президент ниҳоят бад шуда, ба андешаи табибон, он ҳамчун буҳронӣ арзёбӣ мешавад», – қайд мешавад дар маълумот.

Дар ин маълумот Девони вазирони Ӯзбекистон ҳамчунин тасдиқ кардааст, ки Ислом Каримов сактаи майнаи сар (инсулт)-ро аз сар гузаронидааст.

Маълумотҳо доир ба бистарӣ шудани Ислом Каримов рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда, 28 август интишор шуданд. Рӯзи дигар духтари хурдии ӯ ЛолаКаримова – Тиллоева хабар дод, ки президенти Ӯзбекистон сактаи майнаи сарро аз сар гузаронида, дар бемориситон бистарӣ шуд ва дар ҳолат вазнин қарор дорад.

Рӯзи 31 август маълум шуд, ки табибони Пажӯҳишгоҳи ҷарроҳии мағзи сар ва асаб (нейрохиругия)-и ба номи Бурденко дар Ӯзбекистон қарор доранд ва ба муолиҷаи сарвари давлати ин кишвар машғуланд.

Хабаргузории «Фергана» ҳанӯз 29 август иттилоъ дода буд, ки Ислом Каримов аз олам даргузашт, аммо ин маълумот худи ҳамон рӯз рад карда шуд. Манбаъҳои «Интерфакс» ва «РИА Новости» дар ҳукумат ва дастгоҳи президенти Ӯзбекистон хабар доданд, ки Каримов зинда ва дар бемористон дар ҳолати устувори вазнин қарор дорад. Дар Кремл ҳам иттилоъ доданд, ки дар бораи тасдиқи марги Каримов ба онҳо маълумот нарасидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.