Ҷон Керри Қирғизистонро «пешвои демократии Осиёи Марказӣ» унвон кард

Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри мардуми Қирғизистонро бо ҷашни 25-умин солгарди истиқлолият табрик карда, ин кишварро «пешвои демократии Осиёи Марказӣ» унвон кард. «Моро бо Ӯзбекистон уҳдадориҳои зиёде мепайванданд – пайравӣ аз демократия, эҳтиром гузоштан ба гуногунандешӣ ва эътимод ба имконоти сиёсӣ ва иқтисодӣ барои ҳамаи шаҳрвандон. Имрӯз Қирғизистон – пешвои демократии Осиёи Марказӣ мебошад», – […]

Asia-Plus

Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри мардуми Қирғизистонро бо ҷашни 25-умин солгарди истиқлолият табрик карда, ин кишварро «пешвои демократии Осиёи Марказӣ» унвон кард.

«Моро бо Ӯзбекистон уҳдадориҳои зиёде мепайванданд – пайравӣ аз демократия, эҳтиром гузоштан ба гуногунандешӣ ва эътимод ба имконоти сиёсӣ ва иқтисодӣ барои ҳамаи шаҳрвандон. Имрӯз Қирғизистон – пешвои демократии Осиёи Марказӣ мебошад», – қайд мешавад дар изҳороти Керри.

Ӯ хотиррасон намудааст, ки 25 сол пеш ИМА яке аз аввалинҳо шуда истиқлолияти Қирғизистонро эътироф намуд ва сипас муддати чаҳоряк аср бо ин кишвар муносибатҳо роҳандозӣ намуд, ки ба дӯстӣ ва шарикии стратегӣ асос ёфтаанд.

«Қирғизистони босуботу дар ҳоли шукуфоӣ қарордошта барои тамоми минтақа намунаи ибрат шуда метавонад. Иёлоти Муттаҳида рушди иқтисодӣ ва демократии Қирғизистонро дастгирӣ намуда, ба пуштибонии он дар дастгирии субот ва амният дар минтақа баҳои баланд медиҳанд ва бесаброна рушди боз ҳам бештари ҳамкориҳо баҳри некӯаҳволии мардуми ҳарду кишварро интизоранд», зикр кардааст Ҷон Керри.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 31 август дар Қирғизистон 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта шуд

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...