Суғд: Ҳукми 26 соли зиндон ба қотили посбони донишгоҳ

Суди вилояти Суғд сокини 34-солаи ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилшод Қодировро барои қатли бераҳмонаи посбони 75-солаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати шаҳри Хуҷанд ва ҳамчунин содир намудани боз як қатор ҷиноятҳо ба 26 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Тавре ба «Азия-Плюс» муовини раиси суди вилоят, ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Шералӣ Сафарзода хабар […]

Мавлуда Рофиева

Суди вилояти Суғд сокини 34-солаи ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилшод Қодировро барои қатли бераҳмонаи посбони 75-солаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати шаҳри Хуҷанд ва ҳамчунин содир намудани боз як қатор ҷиноятҳо ба 26 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» муовини раиси суди вилоят, ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Шералӣ Сафарзода хабар дод, маҳкумшуда тибқи маслиҳати пешакӣ бо ҳаммаслакони худ, ки аллакай маҳкум шудаанд, шоми рӯзи 28 октябри соли 2008 назди корхонаи «Агрофуд» дар Хуҷанд ҷамъ шуда, посбонро лату кӯб ва ба дохили бинои корхона даромада, сейфро бо худ мегиранд, ки дар дохилаш 478 сомонӣ маблағ будааст.

«16 ноябри соли 2008 онҳо дуздии сейф аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсатро тарҳрезӣ намуда, нимашаб бо автомашинаи «Мерседес» назди бинои донишгоҳ меоянд. Сипас вориди он шуда, посбони он Алибой Собирови 75-соларо то марг лату кӯб мекунанд, вале барои бо худ бурдани сейфи оҳанин зӯрашон нарасида, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд», – гуфт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки маҳкумшуда Дилшод Қодиров тамоми ин муддат мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт ва ӯро танҳо моҳи ноябри соли 2015 дар Русия боздошт намуданд. Ҳаммаслакони ӯ низ аллакай маҳкум шуда, адои ҷазо мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.