Вохӯрии роҳбарони вазорату идораҳои бахши иқтисодии ҳукумат бо ҳайати ХБА

Ҳайати намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА), ки аз 22-юми август то 31-уми августи соли равон дар Тоҷикистон қарор дошт, дар доираи сафари кории худ ҷиҳати омӯзиши барномаи ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдор мулоқоти корӣ анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), аз ҷумла, рӯзҳои 29-31-уми августи […]

Asia-Plus

Ҳайати намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА), ки аз 22-юми август то 31-уми августи соли равон дар Тоҷикистон қарор дошт, дар доираи сафари кории худ ҷиҳати омӯзиши барномаи ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдор мулоқоти корӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), аз ҷумла, рӯзҳои 29-31-уми августи соли равон, дар Бонки миллӣ бо иштироки роҳбарони аввали сохторҳои бахши иқтисодии ҳукумат ва ҳайати намояндагии ХБА таҳти роҳбарии муовини роҳбари идораи Департаменти кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Пол Росс мулоқоти корӣ баргузор гардид.

Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот, ки дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, алалхусус оид ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ, низоми монетариву фискалӣ, таҳияи лоиҳаи барномаи механизми васеи қарздиҳии ХБА ба Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд. Зимни муҳокимаву баррасии лоиҳаи барнома қайд гардид, ки ҷонибҳо дар бештари масъалаҳо ба мувофиқа расидаанд.

Роҳбари ҳайати намояндагии ХБА оид ба Тоҷикистон ҷаноби Пол Росс дар анҷоми мулоқот изҳор дошт, ки натиҷаҳои барномаи ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон назаррас буда, барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт ХБА пешниҳодҳои Тоҷикистонро ҷиҳати омода намудани барнома дар муҳлати кутоҳтарин мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.