ВАО доир ба эҳтимоли омодагӣ ба дафни Каримов дар Самарқанд

Дар зодгоҳи президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба маросими дафни ӯ ҳамаҷониба корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Дар ин бора хабаргузории «Фергана» иттилоъ медиҳад. «Аксҳои бардоштаи хабарнигорамон рӯзи 1 сентябр гувоҳӣ медиҳанд, ки президенти Ӯзбекистон дар оромгоҳи шаҳри Самарқанд, ки ба муҷассамаи маъруфи меъмориву таърихии Шоҳи Зинда пйваст мешавад, дафн мешавад. Дар ин ҷо ду бародар ва […]

Asia-Plus

Дар зодгоҳи президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба маросими дафни ӯ ҳамаҷониба корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Дар ин бора хабаргузории «Фергана» иттилоъ медиҳад.

«Аксҳои бардоштаи хабарнигорамон рӯзи 1 сентябр гувоҳӣ медиҳанд, ки президенти Ӯзбекистон дар оромгоҳи шаҳри Самарқанд, ки ба муҷассамаи маъруфи меъмориву таърихии Шоҳи Зинда пйваст мешавад, дафн мешавад. Дар ин ҷо ду бародар ва модари Ислом Каримов ба хок супурда шудаанд», – қайд мекунад хабаргузорӣ.

Манбаъи Reuters тариқи телефон аз Ӯзбекистон хабар додааст, ки хизматчиёни давлатӣ шоми рӯзи корӣ ногаҳон ба рубӯчин ва ба тартиб овардани кӯчаҳо сафарбар шудаанд. «Дар кишварҳои Осиёи Миёна ин таҷриба дар арафаи сафари мансабдорони воломақом ё пешвоёни кишварҳои хориҷӣ роиҷ аст. Тадбирҳои таъҷилӣ ҳамчунин метавонанд ба омодагӣ ба дафн ишора кунанд», – менависад агентӣ.

Бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ низ дар бораи фаъолнокиву ҷунбуҷӯл дар маркази шаҳр хабар дода, якчанд аксҳоро нашр кардааст, ки дар онҳо фаррошон дар равшании чароғ кӯчаҳоро мерӯбанд.

Дар ҳамин ҳол, хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки рӯзи 1 сентябр воридоти барқияҳои шодбошӣ ба муносибати 25-солагии истиқлолият ба унвони Ислом Каримов идома дошт.

Тибқи маълумоти бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, нахуствазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар нимаи дувуми рӯзи панҷшанбе ба таври оҷил ба Самарқанд рафтааст. Идораи шаҳрдории Самарқанд низ ба рӯбучину тоза кардани ҷодаҳо машғул аст, ки аз омода шудани шаҳр ба як маросими муҳим гувоҳӣ медиҳад.

Шоми дирӯз нашрияҳои Ӯзбекистон дар бораи вазъи президенти кишвар Ислом Каримов маълумот интишор намуданд. Дар он қайд мешавад, ки тайи рӯзҳои ахир вазъи президенти кишвар хеле бад шудааст.

Ёдрас мекунем, ки қаблан хабаргузории «Фергана» доир ба марги президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар синни 79-солагӣ дар шаҳри Тошканд иттилоъ дода буд, вале манобеи хабаргузориҳои «Интерфакс» ва РИА «Новости» ин хабарро рад карданд.

Аллакай субҳи рӯзи душанбе, 29 август яке аз духтарони Ислом Каримов Лола Каримова дар инстаграми худ тасдиқ намуд, ки президенти Ӯзбекистон дарвоқеъ ҳам пас аз хунравӣ ба майнаи сар дар шуъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ буда, вазъи солимиаш устувор арзёбӣ мешавад.

Мақомоти расмии Ӯзбекистон низ марги президенти кишварашонро то ҳол тасдиқ накардаанд. Ҳамчунин сатҳи вазнинии бемории Каримов низ тасдиқ нашудааст.

Баъдан сармуҳаррири АИ «Фергана» Даниил Кислов низ барои ислоҳи саҳви худ иброз дошт, ки президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов марги клиникиро аз сар гузаронда, тибқи маълумоти расмӣ айни замон дар бемористон қарор дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.