Истифодаи шиносномаҳои тоҷикони дар ДИ ҷанганда дар ҳамла ба сафорати Чин дар Бишкек

Asia-Plus

Дар маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қайд мешавад, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки шиносномаашон ҳангоми содир шудани амали террористӣ назди сафоратхонаи Чин дар Бишкек истифода шудааст, айни замон дар Сурияқарор дошта, дар сафҳои Давлати исломӣ (ДИ) меҷанганд.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳодисаи дар назди сафоратхонаи Чин дар ишкек рӯзи 30 август муайян карда шуд, ки ин амали террористӣ аз ҷониби шаҳрванди Қирғизистон Саттыбаев Иззотилло Машрапович бо тахаллуси «Алӣ», соли таваллудаш 1991, зодаи вилояти Ош, дар ҷустуҷӯи оперативӣ қарор дошта, ба ҳайси муҷоҳид дар давлати Сурия фаъолият менамояд, роҳандозӣ гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда шиносномаи ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванди Тоҷикистон, аъзои ташкилоти террористии «Давлати Исломӣ» Бобоҷонов Фирдавс Муминҷонович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Ҷ.Балхиро истифода бурда, амали террористиро дар Сафоратхонаи Чин содир намудааст.

“Ҳамчунин муайян гардид, ки террористи худкуш, миллаташ уйғур, аъзои гурӯҳи террористии «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ» буда, шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон Халилов Зоир Абдуҳалимович, соли таваллудаш 1983, сокини ш. Панҷакентро, ки дар кофтуков қарор дорад, истифода бурдааст”, – омадааст дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ҷинояткорони дар қофтуков қарордошта чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...