Таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ оид ба улуми сиёсӣ дар Тоҷикистон

Дар Донишкадаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои ҷумҳурӣ маросими ба фаъолият оғоз намудани Шӯрои диссертатсионӣ оид ба улуми сиёсӣ доир гардид, ки акнун дигар бидуни сафар ба хориҷи кишвар метавон дар ин Шӯро рисолаи докториро дар улуми сиёсӣ ҳимоя кард. Шӯрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои докторӣ оид ба улуми сиёсӣ бо қарори […]

Аҳлиддин Салимов

Дар Донишкадаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои ҷумҳурӣ маросими ба фаъолият оғоз намудани Шӯрои диссертатсионӣ оид ба улуми сиёсӣ доир гардид, ки акнун дигар бидуни сафар ба хориҷи кишвар метавон дар ин Шӯро рисолаи докториро дар улуми сиёсӣ ҳимоя кард.

Шӯрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои докторӣ оид ба улуми сиёсӣ бо қарори №16/337-и Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Русия тасдиқ шудааст.

Шӯрои мазкур ба қабули диссертатсияҳои докторӣ ва номзадӣ дар самтҳои: – 23.00.01 Назария ва фалсафаи сиёсӣ, илмҳои сиёсӣ, таърих ва методология ва – 23.00.04 Масъалаҳои сиёсии муносибатҳои байнулмилалӣ, рушди глобалӣ ва минтақавӣ ваколат пайдо кард.

Раиси Шӯрои диссертатсионӣ, директори Донишкадаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ, доктори улуми сиёсӣ, профессор Абдураҳмон Муҳаммад зикр кард, ки барои кор дар ин Шӯро 19 нафар олимони ватанӣ ва хориҷӣ ҷалб шудаанд, ки “ба арзёбии рисолаҳои пешниҳодшуда дар сатҳи баланди илмӣ барои дарёфти унвонҳои илмӣ дар самтҳои зикршуда имкон медиҳанд”.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.