Имсол дар Тоҷикистон 368 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карданианд

Имрӯзҳо дар майдонҳои кишти пунбадонаи ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосил пахта шурӯъ шуда, деҳқонон баҳри беталаф ва саривақт ҷамъоварӣ кардани ҳосил тамоми имконоту захираҳои худро сафарбар намудаанд. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, айни замон ҷамъоварии ҳосили пахта асосан дар шаҳру навоҳии пахтакори вилоятҳои Хатлону Суғд оғоз гардидааст. Дар маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ қайд мешавад, ки имсол […]

Asia-Plus

Имрӯзҳо дар майдонҳои кишти пунбадонаи ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосил пахта шурӯъ шуда, деҳқонон баҳри беталаф ва саривақт ҷамъоварӣ кардани ҳосил тамоми имконоту захираҳои худро сафарбар намудаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, айни замон ҷамъоварии ҳосили пахта асосан дар шаҳру навоҳии пахтакори вилоятҳои Хатлону Суғд оғоз гардидааст.

Дар маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ қайд мешавад, ки имсол кишоварзони Тоҷикистон 368 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оварлданианд.

Гуфта мешавад, то охири ҳафти гузашта дар ҷумҳурӣ 28,5 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 7,7%-и нақшаи пешбинишударо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,5 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Зикр мегардад, ки имсол дар майдони умумии беш аз 162,5 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, аз ин миқдор зиёда аз 155,5 ҳазор гектар – ба вилояти Хатлон, ҳудуди 4 ,2 ҳазор гектар – ба вилояти Суғд ва беш аз 2,8 ҳазор гектар – ба ноҳияҳои тобеи марказ рост меоянд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон дар майдони умумии наздики 160 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, ҷамъоварии ҳудуди 390 ҳазор тонна ҳосил пешбинӣ шуда буд, вале ба кишоварзон ҷамъоварии ҳамагӣ каме бештар аз 270 ҳазор тонна пахта муяссар шуд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2014 ба миқдори 99 ҳазор тонна камтар мебошад.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки пас аз алюминий пахта маҳсулоти дуюми содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.