25 пирамидаи харбузаҳо дар Душанбе ба ифтихори ҷашни Истиқлолият

Дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 25-умин солгарди ҷашни Истиқлолият 25 пирамида (аҳром)-и рамзӣ аз харбузаву тарбуз гузошта шуд. Имрӯз ин пирамидаҳои иборат аз зироати полезӣ пойтахти тоҷиконро зебу зинат мебахшанд. Онҳо дар наздикии маркази савдои «Пойтахт-90», майдони 800-солагии Маскав, қаламрави маҷмааи «Наврӯзгоҳ» ва дигар ҷойҳои шаҳр гузошта шудаанд. Дар саросари кишвар ба сурати умум 60-то […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 25-умин солгарди ҷашни Истиқлолият 25 пирамида (аҳром)-и рамзӣ аз харбузаву тарбуз гузошта шуд.

Имрӯз ин пирамидаҳои иборат аз зироати полезӣ пойтахти тоҷиконро зебу зинат мебахшанд. Онҳо дар наздикии маркази савдои «Пойтахт-90», майдони 800-солагии Маскав, қаламрави маҷмааи «Наврӯзгоҳ» ва дигар ҷойҳои шаҳр гузошта шудаанд.

Дар саросари кишвар ба сурати умум 60-то чунин пирамидаҳо сохта шуда, онҳо то 15 сентябр боқӣ мемонанд.

Ҳамаи онҳо дар ҷараёни иди маъмулии «Асалу харбуза», ки рӯзҳои истироҳат дар Душанбе доир гардид, сохта шуданд.

Дар иди мазкур харбузаи калонтарин бо вазни 12,700 кило аз ноҳияи Спитамен ва тарбузаи калонтарин бо вазни 16,145 кило аз Исфара пешниҳод гардид. Вазни кадуи калонтарин аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 17,750 килоро ташкил дод.

Пирамидае, ки дар маркази пойтахт, назди Театри опера ва балет қомат афрохтааст, аллакай писанди сокинони шаҳр гардида, дар пасмнзари он онҳо аксбардорӣ мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.