Беш аз 10 млн. $ Япония баҳри коҳиши оқибатҳои офати табиӣ дар Тоҷикистон

Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои мубодилаи ёддоштҳо миёни Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳаҷиме Китаока ва Директори кишварии  Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Ян Харфст роҷеъ ба лоиҳаи “Таҳкими зарфиятҳо барои коҳиши хавфи офатҳо ва вокуниш” баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳамчунин миёни […]

Asia-Plus

Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои мубодилаи ёддоштҳо миёни Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳаҷиме Китаока ва Директори кишварии  Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Ян Харфст роҷеъ ба лоиҳаи “Таҳкими зарфиятҳо барои коҳиши хавфи офатҳо ва вокуниш” баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳамчунин миёни Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустам Назарзода ва Директори кишварии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Ян Харфст Созишномаи грантӣ оид ба татбиқи лоиҳаи мазкур ба имзо расид.

Татбиқи лоиҳаи мазкур ба тақвияти иқтидори сохторҳои марбутаи Тоҷикистон ва абзорҳои ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо ҷиҳати коҳиши хавфи офатҳо ва вокуниши фаврӣ ба офатҳои табиӣ равона шудааст. Ин лоиҳа ҳамчунин ба тақвияти ҳамкории наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон дар самти пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва вокуниши саривақтӣ ба онҳо заминаи мусоид фароҳам меоварад. Барои татбиқи лоиҳаи мазкур  Ҳукумати Япония  маблағи  10,6 млн. $ ИМА ҷудо хоҳад кард.

Дар маросими имзои ёддоштҳо ва созишномаи грантӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслов С.М. ширкат варзид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.