Apple модели охирини iPhone-и худро пешниҳод намуд

Дар шабакаи расмии Apple дар YouTube навори видеоӣ бо iPhone 7 ва iPhone 7 Plus интишор шуд. Ширкати Apple модели охирини iPhone-и худро пешниҳод намуд, ки дар он объектив (қисми асбоби оптикӣ)-и нав барои камераҳои рақамӣ замима шуда, лонаҳо (сӯрохиҳо)- барои гӯшандозҳо хориҷ карда шудааанд. Сардиректори иҷроия Тим Кук дар намоишгоҳи ҳамасолаи ширкат дар Сан-Франсиско […]

Asia-Plus

Дар шабакаи расмии Apple дар YouTube навори видеоӣ бо iPhone 7 ва iPhone 7 Plus интишор шуд.

Ширкати Apple модели охирини iPhone-и худро пешниҳод намуд, ки дар он объектив (қисми асбоби оптикӣ)-и нав барои камераҳои рақамӣ замима шуда, лонаҳо (сӯрохиҳо)- барои гӯшандозҳо хориҷ карда шудааанд.

Сардиректори иҷроия Тим Кук дар намоишгоҳи ҳамасолаи ширкат дар Сан-Франсиско рӯзи 7 сентябр ин тағйиротҳоро муаррифӣ кард.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз хориҷ шудани лонаҳо барои гӯшандозҳо, iPhone 7 ва iPhone 7 Plus акнун комилан намногузар ва чангногузар шуда, корбарон онро тариқи гӯшандозҳои бидуни ноқил метавонанд гӯш созанд ё тавассути iPhone суҳбат кунанд. Объективҳои нави камера ҳамчунин ба наворбардории теле-фото низ имкон медиҳанд.

Кук ҳамчунин соатҳои нави ширкати Apple-ро муаррифӣ намуд, ки барои GPS имкон дошта, технологияи ба об тобоваре доранд, ки ба шиноварӣ бо онҳо имкон медиҳад. Модели нави соатҳо ҳамчунин ба истифодаи замимаи писандидаи бозии Покемон Go низ шароит фароҳам овардааст.

Дар шабакаи расмии Apple дар YouTube навори видеоӣ бо iPhone 7 ва iPhone 7 Plus интишор шуд.

https://www.youtube.com/watch?v=Q6dsRpVyyWs

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.