Паёми беш аз 6 ҳазор ҳоҷиёни тоҷик ба ифтихори ҷашн

Asia-Plus

Дар робита ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, аъзои ситоди Ҳаҷ-2016 ва 6 ҳазор ҳоҷии тоҷик, ки айни замон ҷиҳати адои маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ қарор доранд,  ба мардуми Тоҷикистон паёми табрикотӣ ирсол намуданд, ки матни он дар АМИТ “Ховар” интишор гардидааст:

“9-уми сентябр дар таърихи зиндагиномаи халқи тоҷик ҳамчун рӯзи муқаддас ва хотирмон абадӣ сабт гардидааст. Зеро новобаста аз мушкилоти зиёди сиёсиву иҷтимоии оғози солҳои соҳибихтиёрӣ, мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон пайдо намуданд, ки ба эъмори давлати миллии худ пардозанд. Истиқлолият имкон дод, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардад. Гузашта аз ин, дар 25-соли соҳибихтиёрӣ халқи тоҷик бо роҳбарии Пешвои сазовори худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самту арсаҳои мухталиф ба дастовардҳои қобили мулоҳиза ноил гардид.

Аз ҷумла, кишвари мо дар самти озодии виҷдон, озодии пайравӣ ба дин ва таъмини эҳтиёҷоти динии шаҳрвандон ба муваффақиятҳои назаррас даст ёфт. Як зумра ташаббусҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бақайдгирии шумораи зиёди иттиҳодияҳои динӣ, таъсиси ниҳодҳои динӣ, додани мақоми давлатӣ ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, таҷлили бузургдошти шахсиятҳои барҷастаи исломӣ, махсусан таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам, интишор ва паҳни ройгони Қуръони карим бо хатти кириллӣ ва забони тоҷикӣ ва даҳҳо ибтикороти наҷиби дигар боиси ифтихор ва шукргузории ҷомеаи мусулмонии Тоҷикистон мебошад.

Миёни дигар дастовардҳои динии Тоҷикистон дар солҳои соҳибихтиёрӣ ташкили сафари дастаҷамъонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои зиёраи хонаи Худо яке аз муҳимтарин муваффақиятҳо дар ин самт маҳсуб мешавад. Дар ҳоле, ки дар беш аз 70 соли ҳокимияти Шӯравӣ шумораи ҳоҷиён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ангуштшумор буд, дар 25 соли соҳибистиқлолӣ шумораи онҳо ба беш аз 200 ҳазор нафар расид, ки қадршиносӣ аз ин неъмати бузург қарзи имониву виҷдонии ҳар як мусулмони тоҷик аст.

Бо хости Худо ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол мо – беш аз 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистони азиз дар макони нузули ваҳй, зодгоҳи Пайғамбари ислом (с) – Маккаи мукаррама қарор дорем ва фоли нек аст, ки сафари имсолаи мо ба 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Аз ин лиҳоз, мо – аъзои ситоди Ҳаҷ-2016 ва ҳоҷиёни мавсим ҳамаи ҳамватанони азизро ба ин муносибат сидқан тибрик гуфта, дар ин хоки муқаддас аз даргоҳи Худованд талаби онро дорем, ки истиқлолияти 25-солаи мо умри садсолаҳо бинад, Пешвои миллати мо ҳамеша муваффақу сиҳатманд бошанд ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар амну амон бошанд.

Ҷашни пирӯзиву саодат муборак бод, ҳамватанони азиз!”.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.