Президент низомиёнро ба зиракиву ҳушёрӣ даъват кард

Зимни суханронӣ дар гузашти низомӣ бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар муҳлати кӯтоҳ ба як сохтори муташаккил ва сипари боэътимоди Ватан табдил ёфтаанд. Сарвари давлат бо итминони комил иброз дошт, ки афсарону сарбозон ҳамчун ҳомиёни боэътимоди Ватан минбаъд низ зиракиву ҳушёрии худро аз […]

Asia-Plus

Зимни суханронӣ дар гузашти низомӣ бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар муҳлати кӯтоҳ ба як сохтори муташаккил ва сипари боэътимоди Ватан табдил ёфтаанд.

Сарвари давлат бо итминони комил иброз дошт, ки афсарону сарбозон ҳамчун ҳомиёни боэътимоди Ватан минбаъд низ зиракиву ҳушёрии худро аз даст надода,  барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда кӯшиши пайваста зоҳир менамоянд.

«Хусусан, вазъияти  пуртазоди ҷаҳони имрӯза, ки пур аз низоъ ва ҳолатҳои ғайричашмдошт мебошад, аз хизматчиёни низомӣ зиракиву ҳушёрии беш аз пеш ва омодабошии доимии ҷангиро тақозо менамояд», – таъкид дошт президент.

Сарфаммонлеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ изҳор  овар кард, ки ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ анъанаҳои хуби ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, истифодаи моҳиронаи техникаву  технологияҳои муосири ҳарбӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ – ҳимояи Ватани маҳбубамон, ҳифзу таъмини  зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи халқи хешро сарбаландона идома мебахшанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.