Президент низомиёнро ба зиракиву ҳушёрӣ даъват кард

Asia-Plus

Зимни суханронӣ дар гузашти низомӣ бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар муҳлати кӯтоҳ ба як сохтори муташаккил ва сипари боэътимоди Ватан табдил ёфтаанд.

Сарвари давлат бо итминони комил иброз дошт, ки афсарону сарбозон ҳамчун ҳомиёни боэътимоди Ватан минбаъд низ зиракиву ҳушёрии худро аз даст надода,  барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда кӯшиши пайваста зоҳир менамоянд.

«Хусусан, вазъияти  пуртазоди ҷаҳони имрӯза, ки пур аз низоъ ва ҳолатҳои ғайричашмдошт мебошад, аз хизматчиёни низомӣ зиракиву ҳушёрии беш аз пеш ва омодабошии доимии ҷангиро тақозо менамояд», – таъкид дошт президент.

Сарфаммонлеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ изҳор  овар кард, ки ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ анъанаҳои хуби ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, истифодаи моҳиронаи техникаву  технологияҳои муосири ҳарбӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ – ҳимояи Ватани маҳбубамон, ҳифзу таъмини  зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи халқи хешро сарбаландона идома мебахшанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...