Ғорати густохонаи 48 ҳазор $ аз манзили як сокини Хатлон

Asia-Plus

Шаби 6 ба 7-уми сентябр 3 нафар шахсони номаълуми ниқобпӯш бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр бо истифода аз ашёи ба силоҳи оташфишон ва олотҳои халандаю бурранда монанд, ғайриқонунӣ вориди хонаи истиқоматии марди 49-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа шуда, ӯ ва аъзоёни оилааш: ҳамсари 49-сола, писари 17-сола ва духтари 15-солаашро мавриди лату кӯб қарор дода, дасту пойҳояшонро баста, аз дохили ҳуҷраи хоби онҳо як адад сейфи оҳанин, ки  дар дохилаш 48000-доллари амрикоӣ пули нақд  дошт, тасарруф намуда, бо истифода аз автомашинаи тамғаи “Хонда СР-В”, ки ба соҳиби хона тааллуқ дошт, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, санаи 8 сентябр зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ кормандони РВКД дар вилояти Хатлон ва ШВКД дар шаҳри Қурғонтеппа бо гумонбарӣ дар содир намудани ҷинояти мазкур гурӯҳи муташаккили ҷинояткорон иборат аз 5 нафарро дастгир намуданд. Инҳо 4 нафар сокинони ноҳияи Бохтар марди 51-солаи қаблан бо моддаи 200 КҶ ҶТ суд шудааст, марди 46-солаи пеш бо моддаҳои 96 (таҳрири 1961) ва 244 КҶ ҶТ суд шудааст, мардони 41 ва 31-сола, инчунин марди 29-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа мебошанд.

Муайян карда шудааст, ки гумонбаршудагон бо маслиҳати пешакӣ ва бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр, бо истифода аз ашёҳои ба силоҳи оташфишон ва олотҳои халандаю бурранда монанд, ба хонаи истиқоматии ҷабрдида ворид шуда, пас аз таҳдиду лату кӯб, аз он ҷо як адад сейфи оҳанин, ки дар дохилаш 48000-доллари амрикоӣ пули нақд  дошт, онро тасарруф намуда, бо истифода  аз  автомашинаи тамғаи “Хонда СР-В”-и соҳиби хона аз ҷойи ҳодиса баромадаанд. Пас аз ин, автомашинаро дар маҳаллаи Қизилюлдузи ноҳияи Бохтар гузошта, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” нишаста, сейфро ба хонаи аъзои гурӯҳ бурда, пинҳон мекунанд. Сипас, гумонбаршудагон қулфи дари сейфро  шикаста, аз дохилаш 48000 доллари амрикоиро гирифта, байни худ тақсим кардаанд.

Ҳангоми азназаругзаронии манзили истиқоматии гумонбаршудагон сейфи мазкур ва як қисми маблағи пулӣ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст.

Нисбати дастгиршудагон бо моддаи 249 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...