Идомаи сафари сарвари давлат дар ноҳияи Спитамен

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Спитамен ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Спитамен Ойл» дар ин ноҳия иштирок намуд. Сипас […]

Asia-Plus

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Спитамен ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Спитамен Ойл» дар ин ноҳия иштирок намуд.

Сипас дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи истеҳсолии ҶСП "Норд Азия Металл" дар ноҳияи Спитамен мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Баъдан Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳия ширкат варзида, аз шароиту имкониятҳои фароҳамоварда шинос ва ба кори босифати сохтмончиёну лоиҳакашон баҳои баланд дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.