Занозанӣ дар бозии Тоҷикистон – Ӯзбекистон дар Ҷоми Иттиҳод

Дар бозии футбол миёни дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки рӯзи 11 сентябр дар шаҳри Братски вилояти Иркутски Русия доир гардид, байни мухлисон муноқишаву занозанӣ сар зад. Бино ба маълумоти ВАО-и маҳаллӣ, дар вохӯрии финалии мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми Иттиҳод байни дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳангоми вақти иловагии бозӣ мухлисон ба майдон баромада, ба […]

Asia-Plus

Дар бозии футбол миёни дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки рӯзи 11 сентябр дар шаҳри Братски вилояти Иркутски Русия доир гардид, байни мухлисон муноқишаву занозанӣ сар зад.

Бино ба маълумоти ВАО-и маҳаллӣ, дар вохӯрии финалии мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми Иттиҳод байни дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳангоми вақти иловагии бозӣ мухлисон ба майдон баромада, ба муноқишаву занозанӣ пардохтаанд.

Ҷанҷолу кашмакаш миёни ду бозингар ба занозанӣ миёни мухлисон боис гардид, ки барои дастгирии футболбозон ба майдон баромадаанд.

Тибқи маълумоти портали “Город”, дар вақти иловагии бозӣ, ки ҳисоб 2 бар 1 ба нафъи дастаи Тоҷикистон будааст, мухлисони яке аз дастаҳо ба майдон баромада, сипас мухлисони дастаи дигар низ ба онҳо пайравӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, тавре хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Иркутск дар ин робита хабар медиҳад, кормандони мақомоти интизомӣ базудӣ мухлисонро аз майдон ронда, барои пешгирии идомаи муноқиша нерӯҳои иловагии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба варзишгоҳ сафарбар шудаанд. Ҳеҷ касе аз иштирокчиёни муноқиша ба шуъбаи умури дохилӣ муроҷиат накардааст.

“Ба амалҳои ташкилкунандагони бозӣ, ки таъмини амният ба дӯшашон вогузор шуда буд, дар доираи санҷиши ҷараёндошта баҳои зарурӣ дода мешавад”, – иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Иркутск.

https://www.youtube.com/watch?v=cg0iIpxed28

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.