Даргузашти се нафар зоирини тоҷик дар маросими адои ҳаҷ

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи даргузашти се нафар зойирини тоҷик дар Макка хабар дод. Тавре Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, тайи чор рӯзи гузашта Арал Шукурови 61-сола ва Сарабек Маҳмадови 62-сола, сокинони ноҳияҳои Дӯстӣ ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар шаҳри Маккаи Арабистони […]

Asia-Plus

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи даргузашти се нафар зойирини тоҷик дар Макка хабар дод.

Тавре Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, тайи чор рӯзи гузашта Арал Шукурови 61-сола ва Сарабек Маҳмадови 62-сола, сокинони ноҳияҳои Дӯстӣ ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ ҷон додаанд.

Арал Шукуров баъди расидан ба водии Мино даргузашта, Сарабек Маҳмадов аз дарди қалб дар меҳмонхонае дар Макка дунёро падруд гуфтааст. Нафари севум Ҳикоят Ашӯрова, сокини ноҳияи Ҳисор буда, дар рӯзи Иди Қурбон даргузаштааст.

Ҷасади онҳо дар қабристони "Шароеъ" дар Макка ба хок супурда шудааст. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин – ниҳоди масъули сафари ҳоҷиёни тоҷик – рӯзи 13-уми сентябр дар суҳбат бо Озодӣ аз Макка гуфтааст, эҳтимол гармии ҳаво бархе аз ҳоҷиёни тоҷикро дар ҳолати ногувор қарор дода, шиддати фишор ва дарди қалбашонро бештар кардааст.

Қобили зикр аст, ки дар канори онки зиёрати Ҳаҷ яке аз фаризаҳои ҳатмии фарди мусулмон аст, аммо ҳамзамон ҷон додан дар Хонаи Худоро мусулмонон барои худ шарафу мартабаи баланд медонанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.