Шӯрои ҳуқуқи башари СММ вазъ дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад

Дар иҷлосияи навбатии Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали муттаҳид, ки имрӯз, 13 сентябр дар Женева ба кор шурӯъ мекунад, вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Бино ба маълумоти маркази иттилооти СММ, иҷлосия то 30 сентябр идома ёфта, миёни кишварҳое, ки дар бораи риояи ҳуқуқи инсон дар доираи Гузориши универсалӣ ҳисобот пешниҳод мекунанд, Тоҷикистон […]

Пайрав Чоршанбиев

Дар иҷлосияи навбатии Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали муттаҳид, ки имрӯз, 13 сентябр дар Женева ба кор шурӯъ мекунад, вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Бино ба маълумоти маркази иттилооти СММ, иҷлосия то 30 сентябр идома ёфта, миёни кишварҳое, ки дар бораи риояи ҳуқуқи инсон дар доираи Гузориши универсалӣ ҳисобот пешниҳод мекунанд, Тоҷикистон низ ҳузур дорад.

Аз Вазорати адлияи ҶТ ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар иҷлосия тавсияҳое, ки Тоҷикистон моҳи майи соли равон дар мавриди беҳбуди вазъи риояи ҳуқуқи башар қабул карда буд, баррасӣ хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки 6 майи соли равон ҳайати Тоҷикистон дар Женева ба аъзои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ Гузориши даврии универсалии риояи ҳуқуқи инсон дар ҷумҳуриро дар давраи 5 сол – аз соли 2010 то соли 2015 пешниҳод кард. Дар посух ба маърӯзаи вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Шоҳмурод, аъзои Шӯро Тоҷикистонро ба талоши бештар баҳри беҳбуди вазъ бо риояи ҳуқуқи инсон, таъмини озодии баён ва аз байн бурдани шиканҷа даъват карданд.

Дар сомонаи СММ аз кирдори бераҳмона бо маҳкумшудагон, ҳуқуқи занон, маъюбон, аққалиятҳои ҷинсӣ ва вазъи Ташкилотҳои ғайридавлатӣ хабар дода шуда буд, ки ин рӯйхати нопурраи масоили ба унвони Тоҷикистон садодода зимни баррасии гузориши даврии ин кишвар буд. Аз 203 тавсия ҳайати Тоҷикистон 119-тоашро пазируфт.

Зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод изҳор карда буд, ки тавсияҳои пешниҳодшуда дақиқан таҳлил ва бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ мешаванд». «Қисмати зиёди тавсияҳоро мо қабул карда, оид ба тавсияҳои боқимонда мувофиқи тартиботи муқарраршуда мавқеи кишвар пешниҳод мешавад», – иброз дошта буд ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.