Эмомалӣ Раҳмон: Даҳҳо нафар сокинони Суғд ба хотири манфиатҳои бегонагон ҳалок шуданд

Зимни мулоқоту суханронӣ бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки замони муосир дар баробари пешрафти илму техника, инчунин, масъалаҳоеро ба миён гузоштааст, ки дарки онҳо донишу ҷаҳонбинии мукаммал, ҳушёриву зиракӣ ва мавқеи устувори шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеаро талаб мекунад. Сарвари давлат қайд кард, ки солҳои охир […]

Asia-Plus

Зимни мулоқоту суханронӣ бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки замони муосир дар баробари пешрафти илму техника, инчунин, масъалаҳоеро ба миён гузоштааст, ки дарки онҳо донишу ҷаҳонбинии мукаммал, ҳушёриву зиракӣ ва мавқеи устувори шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеаро талаб мекунад.

Сарвари давлат қайд кард, ки солҳои охир тавсеа пайдо намудани зуҳуроти нангину хатарноки терроризму ифротгароӣ, ки аксаран таҳти шиорҳои динӣ ва зери ниқоби ислом сурат гирифта, аслан ба дини мубини ислом иртиботе надоранд, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, барои ноором сохтани вазъи ҷомеаи ҷаҳон истифода мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори таассуф зикр кард, ки ба чунин гурӯҳу ҳаракатҳо баъзе шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҷавонони сустиродаву ноогоҳ низ шомил гардидаанд.

“Тибқи маълумот аз вилояти Суғд қариб 400 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 36 нафар сокинони ноҳияи Спитамен ба ҳаракату гурӯҳҳои ғайриқонунӣ шомил гардидаанд ва то имрӯз даҳҳо нафари онҳо ба хотири манфиатҳои бегонагон ба ҳалокат расидаанд”, – таъкид дошт президент.

Пешвои миллат роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, падару модарон, аҳли маориф ва фаъолонро вазифадор кард, ки корҳои тарбиявиро дар байни наврасону ҷавонон вусъат бахшида, ба онҳо роҳи дурусти зиндагиро нишон диҳанд ва дар зеҳни наврасону ҷавонон ҳисси ифтихор аз давлати соҳибистиқлол ва ватани соҳибихтиёрро тарбия намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.