Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон медали “Акбари Саттор”-ро таъсис дод

Иттиҳоди журанлистони Тоҷикистон (ИЖТ) ба ифтихори собиқ раиси Иттиҳоди мазкур Акбари Саттор, ки тӯли 10 сол ин ниҳодро роҳбарӣ карда буд, медали ба номи “Акбари Саттор”-ро таъсис дод. Дар рӯи медали “Акбари Саттор” акси ӯ ҳаккокӣ мешавад. Аз ИЖТ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки медал ба хотири рушди матбуоти тоҷик ва баланд бардоштани маҳорати касбии […]

Аваз Юлдошев

Иттиҳоди журанлистони Тоҷикистон (ИЖТ) ба ифтихори собиқ раиси Иттиҳоди мазкур Акбари Саттор, ки тӯли 10 сол ин ниҳодро роҳбарӣ карда буд, медали ба номи “Акбари Саттор”-ро таъсис дод. Дар рӯи медали “Акбари Саттор” акси ӯ ҳаккокӣ мешавад.

Аз ИЖТ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки медал ба хотири рушди матбуоти тоҷик ва баланд бардоштани маҳорати касбии рӯзноманигорон таъсис дода шудааст.

“Журналистоне, ки бо ин медал қадрдонӣ мешаванд, дар ҷаласаи рӯзи 15 сентябри раёсати Иттиҳод муайян карда хоҳанд шуд”, – гуфт як манбаъ дар ИЖТ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласаи қарибулвуқӯъ ҳамчунин номи нафароне, ки ба ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ лоиқ дониста мешаванд, низ эълон хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки собиқ раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбари Саттор моҳи августи соли 2015 дар синни 51-солагӣ бемаҳал аз олам даргузашт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.