Илҳом Алиев муҳлати президентиро то 7 сол дароз карданист

Дар эътирозе, ки рӯзи 12-уми сентябр Фронти муттаҳидаи мухолифон зидди ислоҳи Қонуни асоии Озарбойҷон баргузор кард, ҳазорон нафар иштирок намуданд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, аз ҷониби эътирозгарон шиорҳои "Раъйпурсӣ чаро лозим аст? Ба хотири он ки бори севум Конститутсия барои як нафар – Илҳом Алиев тағйир дода шавад садо додаанд. Гуфта мешавад, мақомоти Озарбойҷон […]

Радиои Озодӣ

Дар эътирозе, ки рӯзи 12-уми сентябр Фронти муттаҳидаи мухолифон зидди ислоҳи Қонуни асоии Озарбойҷон баргузор кард, ҳазорон нафар иштирок намуданд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, аз ҷониби эътирозгарон шиорҳои "Раъйпурсӣ чаро лозим аст? Ба хотири он ки бори севум Конститутсия барои як нафар – Илҳом Алиев тағйир дода шавад садо додаанд.

Гуфта мешавад, мақомоти Озарбойҷон ният доранд, рӯзи 26-уми сентябр раъйпурсӣ анҷом дода, маҳдудияти синну солро барои номзад ба мақоми президентӣ бардоранд ва ҳамчунин муҳлати президентиро аз 5 то 7 сол тамдид кунанд. Ин раъйпурсӣ, инчунин, ҳақ медиҳад, ки ҷавонони синни 18 метавонанд номзад ба вакили порлумон шаванд.

Иштирокдорони ҳамоиши эътирозии зиди ислоҳи Қонуни асосии Озарбойҷон талаб карданд, ки раъйпурсӣ манъ шавад ва бар иваз ислоҳот баргузор шуда, маҳбусони сиёсӣ озод шаванд.

Роҳбари ҳизби "Фронти халқии Озарбойҷон" Алӣ Каримли гуфтааст, мардум барои бойкот эълон кардан ба раъйпурсӣ ба эътироз баромадаанд. Рӯзноманигор Хадиҷа Исмоилова низ бар ин назар аст, ки раъйпурсӣ ба хотири аз дасти як узви хонавода ба дасти дигар узви хонавода гузаштани қудрат роҳандозӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.