Инфиҷор миёни издиҳоми намози ид дар Покистон

Дар шаҳри Шикарпури Покистон ҳангоми адои намози иди Қурбон миёни издиҳом маргталабе худро мавриди инфиҷор қарор додааст, ки бар асари он на камтар аз 10 нафар, аз ҷумла ду корманди пулис осеб диданд. Бино ба маълумоти РИА Новости, ин ҳамла аз ҷониби ду террористи маргталаб сурат гирифта, яке аз онҳо миёни мардум дастгоҳи таркандаро ба […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Шикарпури Покистон ҳангоми адои намози иди Қурбон миёни издиҳом маргталабе худро мавриди инфиҷор қарор додааст, ки бар асари он на камтар аз 10 нафар, аз ҷумла ду корманди пулис осеб диданд.

Бино ба маълумоти РИА Новости, ин ҳамла аз ҷониби ду террористи маргталаб сурат гирифта, яке аз онҳо миёни мардум дастгоҳи таркандаро ба кор даровардааст ва террористи дуюм аз макони ҳодиса фирор намудааст.

Гуфта мешавад, ҳамаи осебдидагон ба бемористонҳои наздиктарини маҳалли ҳодиса мунтақил шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин шаҳр аз амали террористии дигар пешгирӣ шудааст. Ҷангиён ба пайравони мазҳаби шиа дарафтоданӣ шуда, аммо кормандони мақомоти интизомӣ онҳоро ба дохили бинои адои маросим роҳ надодаанд. Зимни кӯшиши фирор яке аз ҷангиён кушта ва террористи дуюм боздошт ва ба ҳабс гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.