Президент бинои истиқоматиро барои хизматчиёни ҳарбӣ дар Бӯстон ба истифода дод

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд, Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварда, дар Ҷамоати деҳоти “Деҳмой”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов аз Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, ки ба тозагӣ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст, боздид ба амал овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои корҳои таҷдиду азнавсозии […]

Asia-Plus

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд, Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварда, дар Ҷамоати деҳоти “Деҳмой”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов аз Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, ки ба тозагӣ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст, боздид ба амал овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои корҳои таҷдиду азнавсозии Маркази мазкур 27,4 млн. сомонӣ сарф шуда, дар баробари таҷдиду азнавсозӣ, Маркази мазкур бо навтарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Марказ дорои 200 ҷойи хоб, ҳуҷраҳои корӣ, утоқи рентгенӣ, ҳуҷраи занона ва утоқҳои алоҳида барои ташхису табобат буда, дар онҳо беҳтарин шароиту имкониятҳои хизматрасонии тиббӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳамчунин дар шаҳри Бӯстон Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди истифода қарор додани бинои нави истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар гарнизони Суғд мустақаранд, иштирок намуд.

Бинои истиқоматӣ дуошёна буда, дар заминаи як иншооти бекорхобида аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ бунёд карда шуда, дорои 32 хонаи истиқоматии як, ду ва се ҳуҷрагӣ мебошад.

Бинои истиқоматии навбунёд дар мавзеи созгори шаҳри Бӯстон қомат афрохтааст ва дигар иншооти хизматрасонӣ, аз ҷумла мактабу боғчаи бачагона ва дармонгоҳу маркази саломатӣ дар наздиктарин масофаи он ҷойгир мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.