Эҳтимоли қатъи транзити молҳои Покистон ба Тоҷикистон

Зимни мулоқот бо намояндаи вижаи Британияи Кабир оид ба Афғонистон ва Покистон Оуэн Ҷенкинс раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҳушдор додааст, ки кишвараш транзити маҳсулоти Афғонистон тариқи қаламраваш ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёнаро қатъ карда метавонад. Президенти Афғонистон таъкид доштааст, ки чунин амал аз ҷониби ҳукумати Афғонистон дар ҳоле сурат хоҳад гирифт, ки […]

Пайрав Чоршанбиев

Зимни мулоқот бо намояндаи вижаи Британияи Кабир оид ба Афғонистон ва Покистон Оуэн Ҷенкинс раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҳушдор додааст, ки кишвараш транзити маҳсулоти Афғонистон тариқи қаламраваш ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёнаро қатъ карда метавонад.

Президенти Афғонистон таъкид доштааст, ки чунин амал аз ҷониби ҳукумати Афғонистон дар ҳоле сурат хоҳад гирифт, ки агар Покистон гузаргоҳи марзии Вагахро бандад, зеро ин дастрасии Афғонистон ба Ҳиндустонро таъмин мекунад.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ илова кардааст, ки ҳангоми мавсими ҷамъоварии ҳосили кишоварзӣ Покистон маъмулан марзро мебандад ва дар ин робита соҳибкорони афғон ба зиёнҳои зиёд дучор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки гуфтушунидҳо оид ба имзои Созишномаи сеҷонибаи савдои транзитӣ миёни Покистону Тоҷикистон ва Афғонистон аз соли 2013 идома доранд. Тоҷикистон ба имзои созишнома омода аст, аммо Афғонистон пешниҳод дорад, ки Ҳиндустон ҳам ба он ҳамроҳ карда шавад, лекин ба ин пешниҳод Покистон қотеъона розӣ нест.

«Бинобар сабаби мухолифатҳои дипломатӣ бо Ҳиндустон, Покистон ин пешниҳодро комилан қабул надорад ва ба ҳеҷ гунае дар ин масъала гузашт карданӣ нест», – навишта буд нашрияи покистонии Express Tribune моҳи ноябри соли гузашта зимни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Исломобод.

Охири моҳи майи соли равон сафири Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сомро ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дода буд, ки айни замон гуфтушунидҳои сеҷониба идома дошта, ҷониби Покистон «ба анҷоми муваффақонаи гуфтушунидҳо дар ояндаи наздик хеле умедвор аст».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.