Президенти Зимбабве барои худ муҷассама ифтитоҳ кард

Президенти Зимбабве Роберт Мугабе, ки аллакай муддати 35 сол сари салтанати ин кишвар қарор дорад, барои худ муҷассама ифтитоҳ кард. Нашрияи The Zimbabwean рӯзи душанбе хабар дод, ки муҷассамаи президент 4 метр баландӣ дошта, дар он ӯ бо дасти бардошта ва айнак дар чашмон таҷассум ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин вазъи президенто […]

Asia-Plus

Президенти Зимбабве Роберт Мугабе, ки аллакай муддати 35 сол сари салтанати ин кишвар қарор дорад, барои худ муҷассама ифтитоҳ кард.

Нашрияи The Zimbabwean рӯзи душанбе хабар дод, ки муҷассамаи президент 4 метр баландӣ дошта, дар он ӯ бо дасти бардошта ва айнак дар чашмон таҷассум ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин вазъи президенто ба қаҳрамони филми тасвирии «Симпсонҳо» муқоиса кардаанд.

Муаллифи муҷассамаи мазкур ҳайкалтароши маъруфи Зимбабве Дминик Бенхура мебошад. Ба гуфтаи худи президент, ҳайкалтарош ин муҷассамаро ба ӯ ба ҳайси як амали хайру эҳсонкорӣ эҳдо кардааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон Роберт Мугабе 92 сол дошта, дар замони ҳукмронии ӯ Зимбабве ба яке аз кишварҳои қашшоқтарини Африқо мубаддал шуд ва феълан дар вазъи душвортарини буҳрони иқтисодӣ қарор дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.